ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ»

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2024, № АП – 481 таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» гузаронида мешавад.
Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор карда мешавад:
 математика;
 физика ва астрономия;
 география;
 технологияи иттилоотӣ;
 ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Озмуни мазкур дар ду давр – даври аввал, аз санаи 12.02.2024 то 23.02.2024 дар факултетҳои донишгоҳ ва даври донишгоҳӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ тибқи талаботи Низомнома дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда мешавад.
Ҳамаи донишҷўён, магистрантону докторантон ва омўзгорону кормандони донишгоҳро барои иштирок дар озмуни мазкур даъват менамоем.

Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ

You might also like