Идомаи мусобиқаҳои варзишӣ дар донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон байни кормандону устодон баргузории мусобиқаҳои варзишӣ идома доранд.
Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди
вазнбардорӣ, кашидани банд, давидан ба масофаи 60 м байни занон ва 100м байни мардон, шашкаву шоҳмот, баскетбол ва тенниси рӯи миз доир шуда, ба муносибати эълон гардидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, 30 – солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ роҳандозӣ шудааст.
Мусобиқаҳои варзишӣ байни дастаҳои раёсати донишгоҳ ва факултетҳои донишгоҳ то санаи 20 – уми январ идома меёбанд.
Дастаҳои ғолиб бо туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ мегарданд.

You might also like