ИНТЕРНЕТ-ОЛИМПИАДА

хатмкунандагон

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон-хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ мерасонад, ки шуруъ аз санаи 20-январ то 10-феврал дар донишгоҳ даври аввали интернет-олимпиадаи хатмкунандагон баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд тариқи воридшавӣ ба сомонаи донишгоҳ http://tsulbp.tj ва http://dem.tsulbp.tj/register дар интернет-олимпиада иштирок намуда, дониши хешро аз рӯи саволномаҳои ММТ барои дохил шудан ба донишгоҳ санҷанд.
Иштирокчиёне, ки дар интернет – олимпиада ғолиб мегарданд бо планшету ноутбук ва туҳфаҳои зиёди арзишманд қадршиносӣ мешаванд. Ҳамзамон довталабоне, ки дар имтиҳоноти ММТ соҳиби холҳои баландтарин мешаванд, метавонанд дар донишгоҳ РОЙГОН таҳсил намоянд.
Марҳамат ба интернет-олимпиада ба ДДҲБСТ!
Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Тел.:+992 93 524 50 00

You might also like