Мубориза ба экстремизму терроризм

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, иброз гардид дар чорабиниҳои тарбиявие, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Дар ин чорабиниҳо садорати факултету кафедраҳо ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуда, ҷиҳати пурзур намудани мубориза ба падидаҳои номатлуб, маърӯза карданд. Ваколатдорони калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шўъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Шукурҷон Ғаффорзода ва майори милитсия Муҳаммад Абдувоҳитзода ба донишҷӯён сабабу омилҳои гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиро иброз дошта, роҳҳои пешгирӣ аз ин падидаҳои номатлубро фаҳмониданд.
Зикр шуд, ки мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.
Устодон ва намояндагони мақомоти зидахл илова карданд, ки дар шароити феълӣ ба мо зарур аст, дар партави сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем то аз равияҳои номатлуби ҷомеа дур бошанд.

You might also like