Ҷамъбасти мусобиқаи футбол дар донишгоҳ

Мусобиқаи футболи хурд, ки байни кормандон ва устодони донишгоҳ давоми як ҳафта баргузор гардид, ҷамъбаст шуд.
Бегоҳии имрӯз дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур дастаҳои раёсати донишгоҳ ва тими факултети ҳуқуқшиносӣ байни ҳам рақобат карданд. Дидори дастаҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, натиҷаи бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ хотима ёфт.
Дар расми ҷамъбасти мусобиқаи футбол роҳбарияти донишгоҳ ба дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарин медалу диплом ва тӯҳфаҳои раёсати донишгоҳро тақдим намуд.
Мусобиқаи футболи хурд байни кормандону устодони донишгоҳ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, муайян намудани тими мунтахаби донишгоҳ оид ба футбол ва равнақи дӯстӣ байни кормандону устодони донишгоҳ арзёбӣ гардид.

You might also like