Боздиди ректори Донишгоҳи давлатии Фарғона аз ДДҲБСТ

Давоми солҳои охир ҳамкориҳои судманд дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла соҳаи маориф ва илм байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба назар мерасанд, ки дар он нақши роҳбарони ҳарду мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бениҳоят бузур аст.
Натиҷаи муносибати дуҷонибаи хуби Роҳбарони Олии ҳарду мамлакат аст, ки ҳамкорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди ҷониби Ӯзбекистон густариш ёфта, дар заминаи он муассисаҳои касбии олии ҳарду кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи он фаъолияти назаррас доранд.
Дар доираи ҳамкориҳо имрӯз, санаи 27 ноябри соли 20232 ректори Донишгоҳи давлатии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодирҷон Шермуҳаммадов ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот кард.
Ҳамзамон, роҳбарони донишгоҳҳо аз осорхона ва биноҳои таълимиву Маркази таҳсилоти рақамии ДДҲБСТ дидан намуданд.
Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмию таълимӣ, коркарди усулҳои нав барои беҳтар намудани сифати таҳсилот, табодули устодони варзида барои тадриси донишҷӯён, дар робита бо тадқиқоти илмӣ анҷоми корҳои илмию тадқиқотии муштарак, аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ ҷалб кардани магистрантон, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ, кӯмак барои баланд бардоштани дараҷаи илмии устодону олимон, иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ ва илмию назариявӣ, ҳамоиш ва семинарҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, асарҳои илмию тадқиқот, дастурҳои таълимь, ба стандартҳои ҷаҳонь мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот аз мавзӯҳое буданд, ки барои солҳои 2023-2024 байни Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд дар самти илму таълим байни донишгоҳҳо бо қарори Шӯрои олимони ДДҲБСТ ба ректори Донишгоҳи давлатии Фарғона Баҳодирҷон Шермуҳаммадов «Профессори фахрӣ»-и дода шуд.
Дар интиҳо ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳамкориҳо байни ин ду муассисаи касбии олӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like