Ҳомиёни низому тартибот

Имрӯз ба муносибати Рӯзи Милитсияи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар доир шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир шуда, дар он кормандону устодони донишгоҳ, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок ва баромад карданд.
Дар оғози мизи мудаввар таъкид шуд, ки саҳми кормандони мақомоти милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, ҳифзи суботу амният назаррас аст.
Ҳамасола 10-ноябр қайд гардидани Рӯзи милитсияи тоҷик нишони эҳтирому қадрдонии меҳнату заҳмати шабонарӯзии онҳо мебошад.
Дар идомаи мизи мудаввар устодони донишгоҳ- Ботурхӯҷа Қобилов, Шӯҳрат Саидзода, Мунзифа Пӯлотова ва Суннатулло Латипов перомуни саҳми кормандони милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, мубориза ба падидаҳои номатлуб ва ҳифзи Истиқлолу Ваҳдат ва оромиву суботи кишвар, арҷгузорӣ ба хизматҳои кормандони мақомоти низомиву қудратӣ баромад карданд.

You might also like