Омилҳои ба  гурӯҳҳои тахрибкор ҳамроҳ шудани ҷавонон

Ҷаҳони имрӯз пуртазод аст ва дар ҳама гӯшаҳои олам ҳар рӯз хабарҳои гуногун мерасанд. Ин хабарҳо тавассути расонаҳои хабарии олам зуд паҳн мешаванд, ки баъзе масарратбахш ва қисме воҳимабарангезанд ва ба тафаккури одамон таъсирҳои гуногун мерасонанд. Аз шабакаҳои ахбории олам хабарҳои обхезӣ, сӯхтор, заминҷунбӣ ва фурӯ рафтани пораи заминро мешунавӣ, ки ҳодисаҳои табиӣ мебошанд ва новобаста аз таъсири омили инсонӣ ба вуҷуд меоянд, ки оқибати ҳузуновар ва зиёни онро одамон таҳамул мекунанд ва зарари онро ҷуброн менамоянд. Аммо зуҳуроти номатлубе, ки аз ҷониби ашхоси алоҳида махсус барои тарсонидан, воҳима барангехтан, тахрибкорӣ кардан, куштану тарконидани одамон ва биноҳои маъмуриву истиқоматӣ нигаронида шудаанд, аз ҷониби шахсони алоҳида, гурӯҳҳои махсуси ҷудоихоҳ, ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто давлатҳои алоҳида сурат мегиранд, ки ҳамагӣ оқибатҳои номатлуб доранд.

Ҳарчанд чунин амалҳои зиёновар ҳамеша маҳкум мешаванд, вале боз ва боз такрор мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки чаро чунин ашхоси ғаразпеша бештар ҷавононро ба чунин аъмол ҷалб мекнанд ва роҳҳои осони ҷалби онҳо чист?

Ба ақидаи мо сафи ҷавонони бесаводу гумроҳ ва бекор дар мамолики гуногуни олам хеле зиёд аст ва эшон аксаран на касбу кору ҳунаре доранд ва дар бисёр давлатҳо ононро касе ё созмоне назорат намекунанд.

Ин ҷавонон ба таҳсил ва тарбияи хуб фаро гирифта нашудаанд. Аз ин рӯ, эшонро бо осонӣ ва зуд барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразонаи худ ҷалб месозанд, бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои бардурӯғи пули зиёд додан ба худкушиву худро тарконидан ташвиқ мекунанд. Ташвиқоту тарғибот ба ҷавонон асосан тавассути манфиатҳои молявӣ ва тарсонидан аз нигоҳи диниву мазҳабӣ сурат мегирад.

Дар тафаккури чунин ҷавонони мутаассиб ба ҷуз масъалаҳои мазҳабӣ дигар андешаи солими дунявӣ, ободкорӣ ва дунёшиносӣ дида намешавад. Агар ба баъзе аз нафароне, ки андешаи солим надоранд, ягон насиҳат ё пешниҳоди хубе кунӣ, ба эшон ин гуна суханҳо писанд намеоянд. Охир, онҳо ҳатто андарзу панди шоирони классики моро нахондаанду намефаҳманд.

Ҳарчанд дар ҳар давлати олам қонунҳои амалкунандае ҳастанд, ки ҷавононро дар сурати вайрон кардани талаботи он ба муҷозот мекашад, ҳамоно бисёре дидаву дониста ба ин роҳҳои номатлуби зиндагӣ равона мешаванд ва ба миллату давлат, падару модари худ ва фарзандонашон исноду доғ меоранд.

Якчанд омилҳое ҳастанд, ки боиси шомилшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои тахрибкор мегарданд.

  1. Дониши нокифоя ва пасти илмҳои дунявӣ ва динӣ.
  2. Аз асолати донишҳои динӣ огоҳ набудан.
  3. Бетарафии падару модар ва хешу ақрабо.
  4. Содаву зудбовар будан.
  5. Бекорӣ.

Вобаста ба масъали ба роҳу равиши дурусти зиндагӣ ворид шудан дар китоби муқаддаси Қуръон, ҳадисҳои Пайғамбари акрам Муҳаммад (с) суханҳои хуб хеле зиёданд ва китоби осмонии Қуръон ҳамчун як сарчашмаи файзбахши ростиву покист. Пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, мазҳаби таҳаммулгаронро асос гузоштанд, ки гуфтаҳои ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик бояд раҳнамои ҳамешагии мо бошад.

Маҳз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии мардум такони ҷиддие бахшид. Ҳамзамон бо ташаббуси Пешвои миллат конфронсҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ барои пешгирии тундравию ифротгароӣ ва муқовимат бо терроризму экстремизм баргузор гардида, мақсадҳои нопоки хоҷагони чунин амалҳо ва ҳамсафони онҳо маҳкум гардидаанд.

Дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо якчанд ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, оила, падару модарон, мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои динӣ ва коллективи корхонаҳо вазифадоранд, ки дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор корҳои таблиғотии зиёдро ба роҳ монанд ва ҷавононро аз ин роҳи номатлуби ҳаёт баргардонанд.

 

Юсупова З. Ш. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

You might also like