ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти инсоният”
27 октябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти инсоният!», бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор шуд. Дар конференсия олимону донишмандон ва роҳбарону намояндагони муассисаҳои илмиву таълимӣ ва мақомоти муборизабаранда ба ин падида иштирок намуданд.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро ба ин ҳамоиши байналмилалӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Сипас, як зумра олимону коршиносон – Директори ташкилоти ғайритиҷоратии «Маркази маъмурикунонии лоиҳаҳои байни минтақаҳои вилояти Мухтори Ханти-Мансийск ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» Тахир Кулдашев дар мавзӯи «Ҷанбаҳои мураккаби муносибатҳои байналмиллалӣ дар минтақаи Мухтори ХМ ва имкониятҳои ҳамкорӣ ҷиҳати ҳалли онҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт», доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири кафедраи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Абдулманон Саидов бо номи «Роҳҳои пешгирии ақидаҳои террористиву экстремистӣ байни ҷавонони Тоҷикистон», н.и.ҳ., профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ Назира Ғаффорӣ дар мавзӯи “Муқовимат ба терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини сардори Раёсати ТИК дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Валишер Сабуров бо номи “Кибертерроризм ва хатарҳои он ба амнияти иттилоотӣ” тариқи маҷозӣ, сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Суғд Саминҷон Шарифзода дар мавзӯи “Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир”, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии НДММК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Олим Маҳмудзода, сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонони РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҳмудҷон Толибзода вобаста ба мавзӯи мазкур ва мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ Насимҷон Қаҳоров бо номи “ Самтҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризму экстремизм ва таъмини амнияти минтақа” маърӯза намуданд.
Зимни маърӯзаи баромадкунандагон зикр шуд, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад.
Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатангезона, бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, таҳлука дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Олимону муҳаққиқони баромадкунанда навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноятӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки аз ҳама бештар терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст.
Конференсияи байналмилалии «Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти инсоният!» баъди нисфирӯзӣ дар ҳафт бахш идома хоҳад кард.
Барои конфронс беш аз 130 мақола аз ҷониби олимону коршиносон аз муассисаҳои таҳсилоти касбии олии мамлакат ва хориҷи кишвар ирсол гардидааст, ки дар шакли маҷмуа ба нашр мерасад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа