Аз таърихи таъсисёбии китобхонаи илмии донишгоҳ

20 октябри соли равон дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабини илмӣ – тарбиявӣ бахшида ба 30–солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони “Аз таърихи таъсисёбии китобхонаи илмии ДДҲБСТ” дар ҳамҷоягӣ бо омӯзгорони кафедраи таърих ва диншиносӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ мудири кафедраи мазкур Фурқат Ҳомидзода баромад намуд. Сипас, дотсент Муаззама Умарова дар мавзӯи “Аз таърихи китобхонаи илмии ДДҲБСТ” баромад кард. Дар маърӯза иброз гардид, ки воқеан китобхонаи илмии ДДҲБСТ соли 1993 бо 20 000 адад маводҳои таълимӣ, илмӣ таъсис ёфтааст. Китобхонаи электронӣ соли 2008 бо 150 маводи электронӣ таъсис ёфта, бо 5 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шуд. Айни ҳол маводҳои махзани китобхонаи илмӣ зиёда аз 60 000 ва маводҳои электронӣ ба 120 000 расидааст, ҳамчунин толори китобхонаи электронӣ бо 100 адад компютерҳо бо интернети босуръат муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар идома, дотсент Манзура Ҳомидова дар мавзӯи “Китоб манбаи илму дониш” баромад намуда аз таърихи пайдоиши китоб ҳарф зад. Инчунин аз ҷониби мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ва махзани китоб Парвина Муминҷонова китобҳои тозанашр муаррифӣ гардид ва донишҷӯёнро водор намуд, ки ҳадафи кормандони китобхонаи илмӣ ва электронии донишгоҳ доимо баҳри пешбурди эъҷодии аъзоёни китобхона равона карда шудааст.
Дар идома аз ҷониби аъзоёни махфили назди китобхонаи илмии донишгоҳ “Дӯстдорони китоб” шеърҳо дар бораи Китоб, Ватан, қироат карда шуд.
Дар охир директори китобхонаи илмӣ Ҳайдарова Гулнора зикр намуд, ки воқеан халқи тоҷик аз қадим соҳиби қаламу китобу китобдорӣ мебошад. Аз ин лиҳоз баҳри худогоҳию худшиносии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва ҷавонон таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бештар буда ташкил намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон–оинаи таърихи миллат” гувоҳи ин гуфтаҳост.

You might also like