Нақши мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодиёти кишвар

Ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи №2-и донишгоҳ конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Нақши мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодиёти кишвар” доир шуд.
Дар конференсия нозири калони Дидбонгоҳи гумрукии “Овчӣ-Қалъача”, капитани хадамоти гумрук Достиев Ш.Ҳ. иштирок ва дар мавзӯи “Самтҳои асосии барасмиятдарорӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук” баромад намуд.
Дар идомаи кори конференсия мудири кафедраи хадамоти гумрук, дотсент Фарҳод Мирзозода дар мавзӯи “Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёти кишвар дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ва дотсенти кафедраи хадамоти гумрук Равшан Каримов дар мавзӯи “Муаммоҳои назорати содиротӣ ҳамчун воситаи таъмини бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад карданд.
Зимни баромади хеш маърӯзакунандагон иброз доштанд, ки дар ҳақиқат гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқуллода дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро, аз кори хадамоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.
Конференсия бо мулоҳизаронӣ ва саволу ҷавоб ба интиҳо расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like