Омӯзиши технологияи муосир
Шурӯъ аз санаи 11 октябр дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати шиносоӣ бо имкониятҳои донишгоҳ дар самти фаъолияти илмию инноватсионӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Семинари мазкур то санаи 18 октябр идома кард.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Тӯрақул Ризоқулов, сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Зарина Самадова, мудири бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ Алишер Қурбоналиев, мутахассисони Парки технологӣ ва муовинони декан оид ба илми факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар рафти семинари омӯзишӣ баромадкунандагон ба донишҷӯён оид ба имкониятҳои васеи донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, самаранок истифодабарӣ аз низоми технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии донишгоҳ, мавҷудияти шароити мусоид барои пайдо кардани донишҳои муосир маълумот пешниҳод намуданд.
Дар семинар аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи донишгоҳ истифода намуда, дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа