Дастовардҳои варзишии донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Эҳсон Искандарзода дар чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ, ки санаҳои 12 – 14 октябри соли 2023, байни ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, соҳиби мақоми дуюм шуд. Донишҷӯи ДДҲБСТ Искандарзода Эҳсон дар вазни 82 кг ба 3 ҳарифаш ғолиб омада, ҷои 2-юмро ишғол намуд ва бо диплому маблағи пулӣ қадршиносӣ гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони беш аз бист кишвари олам иштирок намуданд.
Донишҷӯи дигари донишгоҳ, Баҳодур Зоиров дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди дастхобонӣ дар шаҳри Норак доир шуда, дар он варзишгарон аз ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Донишҷӯи ДДҲБСТ Баҳодур Зоиров дар вазни 80 кг ба ҳама ҳарифонаш дастболо шуда, мақоми аввалро соҳиб гардид ва бо медалу диплом қадрдонӣ шуд.

You might also like