Намояндагони ЮНИСЕФ аз Парки технологии ДДҲБСТ дидан карданд

11 октябри соли 2023 дар доираи сафари кории намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо роҳбарии Артур ван Дизен – сардори нави намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Мавзуна Нурханова – ҳамоҳангсоз ва роҳбари барнома оид ба рушд ва иштироки наврасон дар ЮНИСЕФ ба донишгоҳ ташриф оварданд. Меҳмононро муовини ректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ Даврон Бобоҷонов ва мушовири ректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ Абдураҳим Ҷӯраев истиқбол намуданд.
Зимни вохӯрӣ, роҳбари Парки технологии донишгоҳ Абдураҳмон Маҳмудов меҳмононро бо фаъолияти Парки технологии донишгоҳ шинос намуд. Зимни суҳбат ҷанбаҳои мусбат ва мушкили татбиқи лоиҳаи таҷрибавӣ дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ, ки ҷавонон бахусус духтаронро ба омӯзиш фаро мегирад, баррасӣ гардид. Қайд шуд, ки ҷавонони синни аз 17 то 24 сола ба курси омузишии ТИК, ороиши графикӣ, пешбурди шабакаҳои иҷтимоӣ ва малакаҳои асри 21, ҷалб мешаванд ва малакаҳои рақамиро меомӯзанд. Баъди хатми курси кӯтоҳмуддат ба онҳо имкониятҳои шуғли фосилавӣ ва анъанавӣ пешниҳод мегардад.
Инчунин, Артур ван Дизен- сардори нави намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо хатмкунандагони барномаҳои Парки технологӣ шахсан ҳамсуҳбат гардида, аз афзалиятҳои барнома ва дастовардҳои онҳо хабардор гардид.
Роҳбарияти донишгоҳ аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори сипос намуда, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таклифу пешниҳод карданд.

You might also like