Дастаи ДДҲБСТ ғолиби мусобиқаи вилоятӣ шуд
12 октябр дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд бахшида ба 24-октябр, Рӯзи иттифоқҳои касаба байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии варзишӣ дар намуди волейбол баргузор гардид. Дар оғози чорабинии варзишӣ Ҳайдаров Даврон намояндаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят аз номи Самизода Мӯсобек, раиси Иттифоқи касабаи корманони маориф ва илми вилоят иштирокдорони чорабинии варзиширо ба муносибати 24-октябр, Рӯзи Иттифоқҳои касаба табрику муборакбод намуд. Қайд гардид, ки солҳои охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту майдончаҳои варзишии зиёде сохта ба истифода дода мешаванд, ки бешубҳа барои обу тоб ёфтани насли наврас ва ҷавонон хидмат мекунад.
Пас аз оғози расмии чорабинӣ, бозии волейбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ оғоз гардид. Дар натиҷа дастаи Донишгоҳши давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷкистон ҷойи аввал, дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҷойи дуюм ва дастаи Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибон дар арафаи ҷашни Рӯзи иттифоқҳои касаба туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.