Падидаҳои номатлуб ва мубориза ба он
Бо мақсади мубориза ба падидаҳои номатлуб ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиву терррористӣ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия баромад карда, перомуни сабабу омилҳои гаравиш ба гуруҳҳои ифротӣ ва аҳдофи нопоки ин қабил гуруҳҳо ба иштирокчинё маълумот доданд.
Иброз шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд.
Илова гардид, ки раванди номатлуб ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар тамоми сайёра, аз ҷумла кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гуруҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротиро ба роҳ монда, ҳамчун вабои аср ба амнияту давлати кишвар хатар эҷод мекунанд. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ ба шумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар мақсадҳои ғаразнок ва зиддидавлатию зиддимилии гуруҳҳои террористӣ шарик мешаванд.
Ҳадаф аз ташкилу баргузор намудани чорабинии мазкур баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон ва гиромдошти арзишҳои милливу давлатӣ арзёбӣ гардид.