Артиши миллӣ-ҳамчун нишони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳти ин унвон дар маҷлисгоҳи бинои №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шероз Тоҷибоев чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки имрӯз, ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд.
Дар идомаи чорабинии тарбиявӣ мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия Ботурхӯҷа Қобилов ва муаллими калони кафедраи мазкур Пӯлотов К.И. баромад карданд.
Иброз гардид, ки баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон бисёр санаду ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба ташкилу ташаккули Артиши миллӣ ба имзо расида буданд. Боиси таассуф аст, ки низою нооромиҳои сиёсӣ дар мамлакат барои амалӣ гаштани чорабиниҳои ташкилию амалӣ имкон надоданд.
Илова шуд, ки маҳз, бинои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ки имрӯз таҳким ёфтаву ҳузури мубораки он дар паҳнои давлатдории муосири мо ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ арҷ ниҳода мешавад, симои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва роҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри Навин муаррифӣ кардааст.
Донишҷӯён низ перомуни ҳифзи марзу бум, гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ ва ҳимояи хоки поки меҳан ибрози андеша карданд.