Густариши ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ
Тавре қаблан иттилоъ додем, санаҳои 13-14 сентябри соли 2023 дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Форуми дуюми ректорони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар бахши дуюми Форум, ки «Рушди ҳамкориҳои илмию педагогӣ ҳамчун омили ҳамгироии байналмилалӣ дар фазои таълимии бисёрфарҳангӣ» унвон дошт, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода дар мавзӯи “Рушди ҳамкориҳои ДДҲБСТ дар шароити ҷаҳонишавӣ” баромад намуд. Таъкид шуд, ки Форуми мазкур дар самти омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳо ва таҳкими муносибатҳои неки кишварҳо мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин Форум вазирон ва намояндагони макотиби олии 5 кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ Сарвари донишгоҳ бо роҳбарони панҷ муассисаҳои бонуфузи кишварҳои ҳамҷавор аз қабили Донишкадаи соҳибкориву ҳуқуқи Денауи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи Кокшетау ба номи Шокан Улеханови Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии менеҷменти Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои информатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишгоҳи инноватсионии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Қазоқистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Бо бароҳ мондани ҳамкориҳои судманд роҳбарон изҳори умедворӣ карданд, ки дастовардҳо дар самти таълиму илм, табодули омӯзгорону донишҷӯён густариш ёфта, ба ин васила сифати таҳсилот ба меёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ хоҳад шуд.