Ҷиноятҳои ваҳшиёнаи гуруҳҳои ифротӣ

Дар ҳар давру замон гурӯҳҳои ифротӣ аз худ дарак медиҳанду авзои тинҷу ороми ҷомеаро тираву торик менамоянд. Ин гурӯҳҳо ба кулли амнияти ҷомеа хатар ворид намуда, аз пир то ҷавонро дар ҳар ҳолат  ба тарсу ваҳм нигоҳ медоранд. Дар тафаккури ин гуна гурӯҳҳо фақат ва фақат ба хун оғушта намудани ҷомеа ва пойдор намудани давлати ба ном “адолат”-нокӣ  худ мекӯшанд. Аксари ин гурӯҳҳо дар фаъолияти худ ба якдигар монанд буда, аз рӯи як барнома мақсади худро амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, миёни ТЭТ ҲНИ ва давлати ба ном исломӣ “ДИИШ” бисёр монандӣ ҳаст.

Масалан, фаъолияти ДИИШ ва ҲНИ ниҳоят монанд буда, ҳар ду гурӯҳи ҷиноӣ аз худ амалҳои ваҳшиёна боқӣ гузоштаанд. ТЭТ ҲНИ дар аввали солҳои  90 – уми асри гузашта ташкил агрдид. Баъд аз интиҳои намози ҷумъа ғайричашмдошт аъзои ҳизб аз зери ҷомаҳои худ корду оҳанпораҳоро берун оварда, ба мардуми ҳозиршуда дар ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон, онҳо узвияти худро ба Ҳизби наҳзат иқрор намуданд. Ин амали низомию сиёсии ҳизб ба шумор мерафт. Ҳадафи анҷом додани чунин як амали террористӣ ба даст овардани нуфузи имомхатибӣ дар дохили ҳар ду масҷид буд. Бо вуҷуди он, ки 97 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон буда, аз мазҳаби ҳанафия пайравӣ мекунанд, аммо аъзои ҳизбиён мехостанд, ки бо ин роҳ фикру андешаҳои заҳролуди худро дар байни мардум мунташир намоянд ва ин амал дар вилояти собиқ Кулоб ба амал омад.

Моҳи апрели соли 1992 ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аввалин амали ҳизб ин рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави ҳизб дар минтақаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд. Бархе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шиканҷаҳо ба ҳалокат расиданд.

Ин кирдори онҳо амалкарди ДИИШ – ро дар Ховари Миёна ба ёд меорад. Баъд аз озод намудани ин минтақа аз дасти аъзои ҳизб, садҳо ҷасади порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи ҲНИ пайдо гардидааст. Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуайян боқӣ монд. Яке аз саҳнаҳои ваҳшатангези он маҳбас, ки аз амалкардҳои ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Аз ин рӯ, вақте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Ливия дар телевизионҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд.

Аҷибаш дар он аст, ки Шамсиддин Саидов, яке аз масъулони ин ваҳшоният ва узви фаъоли Маҷлиси сиёсии ҳизб, ҳоло дар кӯчаҳои Аврупо озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронад. Ӯ баъд аз чашидани талхии нокомии ҳизбаш, мехоҳад ҷомеаи ҷаҳониро ба зидди Ҳукумати Тоҷикистон барангезад. Зеро ҳизбаш баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имкони расидан ба сари қудратро пайдо накард.

Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзои Ҳизби наҳзат, ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори “Ҷиҳод дар роҳи Худо” бар зидди ҳукуматҳои “кофир” дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, ошкор гардид. Онҳоро дар бетартибиҳои “Баҳори араб” низ истифода бурданд. Дар аввал, адади зиёди аъзои наҳзатро дар сафи гурӯҳҳои гуногун ба монанди ДИИШ, “Ҷабҳат – ун – нусра” ва “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, ки ҳамфикр буданд, тақсим намуданд. Ин “подоши некӣ” – и гурӯҳи «Толибон» маҳсуб мегардид, ки кумакҳои худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзат тақдим намуда буданд. Дар он вақт шахсе бо номи Амир Хаттоб, ки аслаш араб буд, ҷангҳои мусаллаҳонаро аз ҷониби Ҳизби наҳзат пеш мебурд.

Ин гуруҳҳои ҷинояташон ҳамшакл ва ваҳшиёнаи ифротӣ ҳеҷ гоҳ ба  мамлакати мо таъсири худро расонида наметавонад, зеро мардуми шарифи кишвар аз амалҳои зишти онҳо пурра огоҳ асту ба онҳо пайравӣ намекунанд.

Бобоев А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like