Кабирӣ ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба ҷуз хиёнат коре накардаанд
Дар ин рӯзҳои барои тамоми дунё мушкил мутаассифона миллати тоҷик ҳам аз ин вабои аср натавонист дар амон бошад. Вале тавре, ки мебинем баъзе ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар хориҷи кишвар амал мекунанд шабу рўз дар фикри нооромии кишваранд. Ташкилоти террористӣ экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи чунин ҳизбҳои хиёнтапеша мебошад. Қаблан ҳам шоҳиди он будем, ки М.Кабирӣ бо пайравонаш дар ҷамъомадҳои васеи оммавӣ ҳамеша худро ҳомӣ ва пуштибони дини мубини ислом гирифта, мақсадҳои нопокашонро, ки аз дастуру супоришҳои хоҷаҳои хориҷиашон бармеомад, амалӣ кардан мехостанд. Имрӯз ҳам рӯирост ва бо як бешармию рӯсиёҳӣ зидди сиёсати давлату Ҳукумат ва Роҳбари давлат ҳарф зада, миллат, алалхусус, ҷавононро, ба гумроҳӣ бурда, дар миёни табақаву қишрҳои ҷомеа тухми кинаву адоват мепошанд.
Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳилаю найранги навбатии Кабирии палид буда, мақсадаш сафед кардани худ ва пайравони хунхори наҳзатиаш аст, ки дар оянда амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноку ифротиаш мебошад. Хоинону ватанфурӯшон зери фишори чубдастҳои хоҷагонашон мунтазам дар сомонаҳои ифротии «паём.нет», «ислоҳ.нет» бо нашри матлабҳои сохтаю бофта, нисбати давлату миллати тоҷик суханҳои дурӯғу туҳматангез мезананд ва бо ин роҳ ин разилон мехоҳанд худро миёни мардум ҳамчун «ғамхор», «халқпарвар» нишон диҳанд. Вале ҳамаи ин «худсафедкуниҳо»-и Кабирии хоин ва пайравонаш ягон натиҷае нахоҳад дод, чунки ҷаҳониён ва алалхусус миллати тоҷик аллакай аз рафтору кирдори ин наҳзатиҳои палид, зулму ситами онҳо нисбат ба мардум, қатлу ғорати аҳолии осоишта дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, огоҳ ҳастанд. Онҳо як бор чеҳраи аслии худро нишон доданд, ки ин лошахӯрон барои соҳиб шудан ба мансабу пулу мол ба ҳама кирдорҳои ифлосу нангин қодир буда, ҳатто ба муқаддасоти миллию мазҳабӣ низ хиёнат кардаанд.
Фаромӯш нобояд кард, ки шахсан ҳамин Кабирӣ, ки айни ҳол аз дур истода аз сиёсату иқтисодиёт лоф мезанад, чанд соле бо ҳизби террористиаш дар кишвар расман амал мекард, вакили мардумӣ буд, аммо барои беҳбудии аҳолӣ заррае хизмат накардааст. Баракс чи боигарие, ки миллату давлат дошт ғасб кард, ғорат карда, хурду бурд. Имрӯз ин ғуломи ҳалқабаргуши хориҷӣ барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон ва беҳбудии зиндагии мардум шарм накарда тавсияҳо медиҳад.
Бо ин ҳама хиёнатҳо, бо ин ҳама дуруғу сафсатаҳо ин бе таҳорату бе намозҳои диндор, ин сагҳои дайду, куҷо қадри Ватан, қадри Озодӣ ва қадри зиндагии осоиштаи миллати тоҷикро медонанд?. Афсус, ки боз ҳам ҷавонони соддадил ва роҳгумзада ҳастанд, ки ба суханҳои онҳо бовар мекунанд. Онҳо ин ҷавононро ба кишварҳои Аврупову Осиё даъват намуда, ваъдаҳои осмонӣ медиҳанд. Мо ҳукуматро гирем, вазиру сафир мешавед. Мо “проектҳои калон” дорем. Биёед, ба мо пайвандед, бароятон паноҳандагӣ мегирем. Ҳукуматро гунаҳкор мекунанд, ки гӯё ҳуқуқҳои мусулмононро поймол карда, онҳоро ҳамчун ҳомии дини мубуни ислом аз кишвар берун кардаанд. Аммо дар асл агар он мардони баномуси миллат барои дифои мардум барнамехостанд, ин разилони наҳзатӣ бо он мақсадҳояшон мисли босмачиҳои манғитӣ аҳолии меҳнаткашро зулму ситам, қатлу террор намуда, Тоҷикистонро пора пора мекарданд.
Ман аз ҳар як фарди солимақл, бонангу бономуси миллати тоҷик, хусусан ҷавонон хоҳиш мекунам, ба суханони ин фурухташудаҳо бовар накунед. Беҳуда нагуфтаанд, ки ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист, аммо бори дуюм бовар кардан камоли аблаҳист. Ҳар сухане, ки аз забони ин разилон садо медиҳад, ба ҷуз дурӯғ, туҳмат ва иғво чизи дигаре нест. Аз номи дини мубини ислом сухан мекунанд, аммо намози онҳо, мусалмонии онҳо ва одамият будани онҳо дурӯғ аст, чунки дили сиёҳ, мақсади нопок ва дасту панҷаи оғуштаи хун доранд.
Мирзоҷонова М.Қ. – мудири кафедраи забони англисии ДДҲБСТ