Саҳми ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ дар тозаву озода намудани маркази вилоят
20 майи соли 2023 кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади тозаву озода намудани канори роҳу ҷӯйбор ва саҳни биноҳои маъмуриву таълимӣ аз назди Маҷмааи Истиқлол то ба назди Маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд канори роҳу ҷуйбор ва поёни дарахтони ҳамешасабзу ороиширо тозаву озода намуданд.
Шанбегӣ бо мақсади таъмини ҳолати санитарию гигиенӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ иштирокчиёни ҳашар роҳандозӣ гардида, нахуст атрофи биноҳои асосиву таълимӣ ва роҳраву даромадгоҳоро аз ҳаргуна алафҳои худрӯю партовҳои гуногун тоза карданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз меҳнаткашон саҳни бинои асосии донишгоҳ, ки гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз зеб медиҳад, аз ҳаргуна алафҳои худрӯй поккорӣ карданд.
Ҳамзамон кормандон ва устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ аз назди Маҷмааи Истиқлол то ба назди Маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд партовҳои канори роҳ, ҷуйбор ва алафҳои худройро канда, саҳми хешро дар тозаву озода намудани муҳит расониданд.