Ҷаласаи конфронси байналмилалии «Идораи давлатӣ ва рушди Русия: мушкилотҳои тамаддунӣ ва манфиатҳои миллӣ
16 май дар Донишкадаи хизмати давлатӣ ва идоракунии РАНХиГС дар доираи ҷаласаи конфронси байналмилалии «Идораи давлатӣ ва рушди Русия: мушкилотҳои тамаддунӣ ва манфиатҳои миллӣ» ҷаласаи бахши конференсия дар мавзӯи «Рушди устувор ва ESG: равишҳо ба татбиқи консепсияҳои рушди ҷомеа» баргузор гардид. Дар доираи бахш масъалаи ташаккули идоракунии устувори захираҳои табиатӣ дар асоси принсипҳои экологӣ муҳокима карда шуд.
Дар фаъолияти бахш зиёда аз 40 нафар иштирок доштанд. Масъалаҳои конференсия диққати олимон ва мутахассисони ташкилотҳои гуногуни соҳаҳои маориф ва тиҷорат, аз ҷумла ташкилотҳои хориҷиро ба худ ҷалб карданд.
Дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Бобоҷонов Д.Д. ва мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Маҳмудов М.К. ҳамчун намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо тарики онлайн бо маърӯза иштирок карданд.
Дар маърӯзаи Бобоҷонов Д.Д. масъалаи тараққӣ додани кишоварзии органикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.
Маҳмудов М.Қ. дар маърӯзаи худ масъалаҳои ташкили бозори минтақавии маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуд.