Донишҷӯи ДДҲБСТ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» шуд
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Абдухолиқ Бобоев ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» гардид.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардида буд. Дар ин озмун донишҷӯёни 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар онҳо ихтисоси андоз ва андозбандӣ таълим дода мешаванд, ширкат варзиданд. Чунин озмунҳо дар баланд бардоштани дониши тахассусӣ, қавӣ намудани робитаи байни муассисаҳои таълимӣ ва бозори меҳнатро бо кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир таъмин намудан, мусоидат мекунад. Ёдовар мешавем, ки ғолибон аз рӯйи ду номинатсия муайян гардиданд: инфиродӣ ва даставӣ. Дар натиҷаи баҳодиҳии воқеӣ ва шаффофи ҳакамон Бобоев Абдухалиқ донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мақоми сеюмро ба даст овард.
Ҳамзамон, ректори ДДҲБСТ, профессор Муъмин Шарифзода ҷиҳати таъмини иштироки фаъоли донишҷӯён дар озмуни мазкур бо Сипосномаи ДДМИТ ва ДДҲБСТ бо Сипосномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардид.
Дар вазъияти тантанавӣ ба ҳама ғолибон Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти озмун тақдим карда шуд.