Нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ташаккули шуури ҳуқуқии чавонони Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам менамояд, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Боиси зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад ва мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  яке  аз  рукнҳои  муҳимтарини  низоми  сиёсии ҷамъият мебошанд. Ташкилу фаъолияти онҳо ҳам ба манфиати худи онҳо ва ҳам ба манфиати ҷомеа мувофиқат мекунад. Аз ин рў, ҳар як давлати демократӣ баробари дигар падидаҳои сиёсию ҳуқуқӣ дар ривоҷи низоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва самаранокии фаъолияти онҳо эътибори калон медиҳад.  Ҳамкории  давлат  бо  иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  дар  заминаи манфиатҳои  ниҳоии  умумии  ҳарду ҷониб сурат  мегирад.

Мақсад  аз ташкилу  ривоҷи  иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  барпо  кардани  ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди шаҳрвандӣ мебошад. Низоми  итиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  берун  аз  тартибот  ва  муҳити  сиёсию  ҳуқуқӣ  ва  иқтисодию  иҷтимоии  ҷамъият  инкишоф  ёфта наметавонад. Он бо сохти сиёсии ҷомеа, тартиботи идории ҷомеа ва ривоҷи одату анъанаҳои демократӣ дар ҷомеа вобаста мебошад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки нақши ин гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ташаккули шуури ҳуқуқии ҷавонон чӣ гуна аст?

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ менамояд, ки шаҳрвандоне, ки ба синни 14-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон шуда метавонанд. Шаҳрвандоне, ки ба синни 8-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии кўдакон шуда метавонанд.

Пас, аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҷавонон метавонанд яке аз ҳуқуқҳои  сиёсии худро (яъне ҳуқуқ ба муттаҳидшавиро) бо роҳи иштирок намудан дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии гуногун дар амал татбиқ намоянд.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҳуқуқи дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иштирок намудан, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардиданро, соҳибанд. Ин ҳуқуқ яке аз муҳимтарин  ҳуқуқҳои  асосии  сиёсии  онҳо  буда,  ба  воситаи  он ҳар як ҷавон иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқӣ – сиёсӣ мегардад. Дар ҳайати иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  онҳо  лаёқату ташаббуси  эҷодӣ,  фаъолияти иҷтимоӣ  ва  сиёсии  худро  инкишоф  дода,  ба  воситаи  ин ҳуқуқи худ  дар  ҳалли масъалаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок менамоянд.

Мувофики моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» зери мафҳуми ҷавонон – гурўҳи иҷтимоию демографии шахсони 14-30-сола фаҳмида мешавад. Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон бошад, ташкилоти ихтиёрии бо ташаббуси ҷавонон, дар асоси умумияти манфиат барои ҳалли мақсаду вазифаҳои ягона ва ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода фаҳмида мешавад.

Вазъи ҳукуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Талаботи ҳатмии оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон бояд маҳдудияти синну сол бошад, ки дар моддаи якуми Қонуни мазкур муқаррар гардидааст. Барои иттиҳодияҳои эҷодии ҷавонон бо назардошти хусусиятҳои фаъолияти эҷодӣ, синну соли ниҳоӣ, ки моддаи якуми Қонуни мазкур муқаррар кардааст, 5 сол зиёд карда мешавад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ҳақ доранд барои аъзояшон, ки ба ҳайати мақомоти интихобии иттиҳодияҳои марбута интихоб шудаанд ё дар мақомоти мазкур кор мекунанд, нисбат ба талаботи оиннома истисно муқаррар намоянд. Теъдоди чунин аъзо набояд аз панҷяки шумораи умумии аъзои иттиҳодияҳои мазкур зиёд бошад. Мустақим ё ғайримустақим маҷбур кардани шаҳрвандони ҷавон ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, инчунин маҳдуд кардани иштироки онҳо дар фаъолияти иттиҳодияҳои мазкур манъ аст.

Давлат ба созмонҳои ҷавонон, кўдакон, созмонҳои хайрия, ташкилотҳои маъюбон кўмаки моддию молиявӣ мерасонад. Нисбати онҳо сиёсати андози имтиёзнок  муқаррар  менамояд,  ба  созмонҳои  кўдакон  ҳуқуқи  бепул истифода бурдани бинои мактабҳо, муассисаҳои беруназмактабӣ, клубҳо,  қасрҳо ва хонаҳои маданият, иншооти варзиширо бо шароити имтиёзнок медиҳад.  Дастгирии  давлатӣ  ба  иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  метавонад  дар шакли маблағгузории мақсаднок барои барномаи ҷудогонаи ба ҷамъият фоидаовар, инчунин дигар шаклҳое, ки қонун манъ накардааст, пешниҳод шавад.

Конститутсия муқаррар кардааст, ки таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ  ва  ташкили  гурўҳҳои мусаллаҳ даъват  менамоянд, манъ аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12 маи соли 2007 илова ба ин муқаррар менамояд, ки таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки низои маҳаллиро таблиғ мекунанд, низ манъ аст.

Аммо, ҳодисаҳои ногаҳоние, ки соли 2015 дар пойтахти кишвар рух доданд аз он огоҳӣ медиҳанд, ки новобаста ба пурра ба эътидол омадани вазъи сиёсии Тоҷикистон то ҳол гурўҳҳое амал менамоянд, ки мақсади асосии онҳо ногувор сохтани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, андохтани низоъ байни мардум ба шумор меравад. Қобили зикр аст, ки сиёсати имрўзинаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа садди роҳи ин гуна вайронкориҳо аст ва ҳеҷ як мафкураи бегона наметавонад пешрафти имрўзаи моро халалдор созад.

Аз ин рў, минбаъд барои ҳаматарафа ташаккул додани шуури ҳуқуқии ҷавононони кишвар якчанд омилҳо бояд пеш бурда шаванд:

– минбаъд васеъ намудани доираи фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки мақсади асосии онҳо пеш аз ҳама ҳамкорӣ бо ҷомеа ва давлат аст;

-гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, ҳуқуқӣ оид ба нақши ин гуна иттиҳодияҳо дар ташаккули шуури ҳуқуқии ҷомеаи муосири кишвар;

– дар амал татбиқ намудани мазмун ва моҳияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади дар сатҳи қонунӣ ба рох мондани фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо.

 

Санавваров Ғ. – мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ

You might also like