ДОҒИ РӮЗ – ТЕРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ба ҳаёт, истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, халалдор сохти конистутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Тавре ки маълум аст, авҷи терроризм имрӯз дар баъзе минтақаҳои олам дар баробари сабабҳои иқтисодӣ доштан ва бозиҳои геополитикии абарқудратон марбут будан, ҳамзамон, сабабҳои дигаре низ дорад, ки одатан ба муборизаҳо байни мазҳабҳои исломӣ ва амсоли он мекашанд.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он бо мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зуроварӣ, зулм фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозҳо ба вуҷуд оварда сабаби  ба ифротгароӣ сабзида расидани вазъ гардад. таърих гувоҳ аст, ки ѓояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Мавриди аввал – вақте, ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Мавриди дуюм – дар мавриде, ки барои ба даст овардани ҳокимият мубориза бурда мешавад.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба  гурӯҳи ифротгаро мегардад.

Бинобар ин мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи насли ҷавону наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкимбахшидани миллӣ саҳмгузор бошем.

Ифротгароии динӣ, аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зуран ѓасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки хадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат нест. Вагарна бо чи сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунаду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯву харобкориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти гӯё «динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ», ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманони худ ноил шаванд, нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориѓболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ – фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарѓиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оѓози амалҳои ѓаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ – маънавӣ (ахлоқию динӣ)- ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ мебошад.

Ҷомеаи моро зарур аст, ки имрӯз барои пешгирии омилҳои номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни мардум, тавсеаи мафкураи миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, таҳкими иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ба тадбиқи давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошад.

Дар ин ҷода қабл аз ҳама, пешгирии роҳи тавъам сохтани миллати мо бо миллатҳои наздик ва мазҳаби динии мо бо мазҳаби дигари исломӣ, ки онро ҳамчун василаи фиреби наврасону ҷавонони мо ва бегонашавии онҳо истифода мекунад, зарурат дорад.

Яъне роҳи асосии пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва тундгароӣ ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури миллӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати чунин тарбия намудани насли нави миллат мо метавонем ба ояндаи осоишта, ба кишвари озоду обод, ба Ватан мардумаш дар ваҳдату ягонагӣ ва зиндагии шоиста эътимоди комил дошта бошем.

 

Ҳафизова Парвина Абдувоситовна

муаллими калони кафедраи кори бонкӣ

You might also like