Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар доираи чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон семинари омўзишию фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯи “Саводи расонаӣ, муҳимияти хабар ва иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ” бо иштироки аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа Сӯҳроб Ҷалолов ба иштирокчиёни семинар дарс гуфт. Дар рафти семинар инчунин бозиҳои шавқовар, саволу ҷавоб ва фикру мулоҳизаҳо бо иштирокчиён гузаронида шуд.
Ҳадафи баргузории семинар баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва маърифати расонаӣ мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like