Иштироки устодони донишгоҳ дар конференсияи байналмилалӣ

26 апрели соли 2023 дар Донишкадаи молиявии Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси назариявӣ-амалӣ таҳти унвони «Пешомадҳои дигаргунсозӣ ва самаранокии сиёсати андози давлатӣ» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷвикистон мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, н.и.и., дотсент Мухайё Салимова ва дотсенти кафедраи мазкур  Юсуфҷон Салимов иштирок ва баромад намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ширкат дар конференсияи Донишкадаи молияи Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон дар доираи мавзўи конфронс ва баромад бо маърўзаҳои илмии даъватшудагон мубодилаи илмӣ – амалии устодон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати ҳамкории боз ҳам наздик кафедраҳои ҳамҷавори андоз ва андозбандии ДДҲБСТ ва Донишкада, табодули таҷриба дар байни устодон ва муҳаққиқони муассисаҳои мазкур ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар баланд бардоштани сифати таълим ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ, роҳандозии робитаҳои корӣ ва таҳкими онҳо дар соҳаи андоз ва андозбандӣ заминагузорӣ хоҳад намуд. 

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишкадаи молияи Тошкент дар асоси шартномае, ки соли 2020 ба имзо расида буд, ба роҳ монда шудаст. Санаҳои 13-15 марти соли 2023 низ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон форуми ректорони Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он низ як шартномаи дигари ҳамкорӣ дар самти табодули академӣ ба имзо расонида шуд.

You might also like