Хатмкунандагони ДДҲБСТ бо амри дилу виҷдон ба хизмат мераванд
29 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими гусели беш аз 150 нафар хатмкунандагони донишгоҳ, ки бо амри дил ва хоҳиши худ ҷиҳати адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишта буданд, баргузор гардид. Ҷавонони далеру шуҷои донишгоҳ бо ҳисси баланди ватандӯтсиву хештаншиносӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш барои ҳифзу ҳимояи Ватан-Модар омодагии худро баён дошта, баҳри адо намудани қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ равон гаштанд. Дар маросими гусели хатмкунандагон муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд Давлатшоҳ Мирзозода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, кулли донишҷӯёну устодони ин боргоҳи таълимӣ ва волидони хатмкунандагони донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, ректори донишҳгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда, иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, аз таъсисёбии он си сол пур шудааст. Артиши миллӣ давоми се даҳсола бо дастгирӣ ва пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи тавоно ва пуриқтидор табдил ёфта, аз имтиҳони сангин гузаштааст. Имрӯзҳо Қувваҳои мусаллаҳ ҳамаҷиҳата рушду такомул ёфта, бо навтарин яроқу аслиҳаи ҷангӣ таъмин мебошад ва барои хизматчиёни ҳарбӣ муосиртарин шароити буду бош фароҳам оварда шудааст. Сафи Артиши миллиро ҷавонони ҷасуру далери Ватан пурра намуда, омодагии худро баҳри дифои ин сарзамини аҷдодӣ баён медоранд. Дар сафи Артиши миллии кишвари азизамон ҳамасола хатмкунандагони донишгоҳ ҷалб гардида, рисолати ҷавонмардӣ ва қарзи шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд.
Шарифзода М.М. аз номи кулли омӯзгорони донишгоҳ ба ҳар як донишҷӯ, ки имрӯз бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта истодаанд ва дар симои онҳо ба волидайнашон барои тарбияи чунин фарзандон арзи сипосмандӣ кард.
Дар идома, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ва комиссари ҳарбии вилояти Суғд Давлатшоҳ Мирзозода дар назди иштирокчиён баромад карданд. Иброз шуд, ки баргузории чунин чорабинии бошукӯҳ ва гусели хатмкунандагон ба хизмати ҳарбӣ дар ДДҲБСТ бори нахуст набуда, аллакай ба ҳукми анъана даромадааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар фазои донишгоҳ ифтихор аз ин сарзамини бостонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат баҳри дифои меҳани худ ҳар лаҳзаву ҳар соат сухан рафта, дар қалби ҳар нафар ҳисси баланди ватандӯтиву хештаншиносӣ ҷӯш мезанад. Зеро маҳз муассисаҳои таълимӣ зинаҳои аввали омодасозии сарбозони ғаюр ва чусту чолоки Ватан маҳсуб ёфта, ҷавонон бо ифтихормандӣ адои хизмати ҳарбиро интихоб менамоянд.
Ҳамчунин дар чорабинии бошукӯҳ волидайни хатмкунандагон Ҷомеъиддин Азизов ва Соҳиба Ризоева, хатмкардаи ДДҲБСТ, старшина аз қисми ҳарбии 3501-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллобарака Ғафуров, донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси таърих (сиёсатшиносӣ)-и факултети сиёсатшиносц ва муносибатҳои байналхалқӣ – даъватшаванда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизода Соваршоҳ баромад намуданд. Волидони даъватшавандагон зимни баромад қаноатмандии худро аз интихоби чигарбандон баён дошта, қарзи ҳар фарди ватандӯстро дар тарбияи насли босаводу худогох арзёбӣ доштанд.
Пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ва хатми пурраи донишгоҳ, дар фазои тантанавӣ, таҳти суруду оҳангҳои таҷассумгари Ватан-Модар, давлату миллат даъватшавнадагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ гусел карда шуданд. Ин ҷавонмардони асили Ватан ҳар яке ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи худ сафи Артиши миллиро пурра сохта, дар ҳифзу ҳимояи сарзамин ва пешбурди хизмат саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа