ПАЁМАДҲОИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ДАР ҶОМЕА

Зуҳуроти ташвишоваре, ки имрӯз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сӯи зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, ин бо ҳар роҳу усул шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав мебошанд, ки имрӯз мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд. Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандони мо ба доми фиреби инсонҳое, ки бо қориазёд кардани 2-3 оятҳои Қуръони карим намозгузорӣ карда, худро мусалмони мутлақ меҳисобанд, тарки хонаву дар ва ватан мекунанд ва ба доми фиреби ифротгароён шуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ шомил мешаванд. Имрӯз пайомади ҳизбу созмонҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ваҳҳобия», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», ТЭТ ҲНИ  ва амсоли инҳо дар ҷаҳони муосир ҳушдорамон медиҳад, ки бо ақлу заковати худ амал намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд  менамоянд: «Барои бартараф намудани андешаю гумонҳои нораво, бо падидаҳои тундравӣ, ифротгароӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд».

Парвариши боварӣ ба таассуб ва хурофотпарастӣ дар ҷомеаҳое сурат мегирад, ки ғояҳои мафкуравии заифи муайяни мафкуравӣ суҷуд дошта бошад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳолати ба вуҷуд омадаи идеологӣ ва вазъи мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказии пасошӯравӣ ба эмиссарҳои хориҷӣ ва хизматгорони дохилии онҳо дар муддати кӯтоҳ муяссар гардонид, ки тафаккури қишри муайяни аҳолиро ба дарки арзишҳои исломӣ ба сифати асосҳои идеологӣ ва маънавӣ моил созонад, то ки муносибати шахсӣ ва ҷамъиятиро танзим намояд. Дарки бешууронаи арзишҳои исломӣ, сатҳи пасти дониш ва ҷаҳонбинии диниву дунявӣ боиси хуруҷи таассуби динӣ мегардад.

Таассуби динӣ дар муҳите рушд менамояд, ки ҷаҳонбинии илмӣ, дастовардҳои илм ва арзишҳои дунявӣ шадидан пахш гардида, дар ҷомеаи муҳити равонии маҳдуд дар омезиш бо эҳсосоти динӣ ба вуҷуд ояд. Рушди рӯҳию равонии аҳли ин ё он ҷамъият агар ҷанбаи созандагию бунёдкориро касб намояд, дар он ҷомеа ҷой барои таассуб боқӣ намемонад. Доман задани таассуби динӣ дар мамолики исломӣ дар баробари ифротгароӣ ва терроризм аз он дарак медиҳад, ки дин сарчашмаи ғоявии пурқудрати барои расидан ба ҳаргуна ҳадаф мебошад. Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад ҳам созанда бошаду ҳам сӯзанда. Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ «терроризми исломӣ», ки маргталабон анҷом медиҳанд, таассуби динӣ мебошад. Бояд таъкид намоем, ки ифротгароӣ, тундгароӣ ва терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегирад.

Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарзои асри 21 аз вазифаҳои мубрами илму фарҳанги дунявии муосир маҳсуб мешавад. Воқеаҳои солҳои охир аз он шаҳодат менамояд, ки таассуби динӣ, махсусан дар мамолики исломӣ ба гунаи ваҳшонияти гӯшношуниде зоҳир шуда истодааст, ки на танҳо ин ё он мамлакатро ба хатар мувоҷеҳ сохтааст, балки ба суботи ҷомеа амнияти умумибашарӣ низ таҳдид мекунад. Таассуби динӣ ба озодандешӣ ва ақлгароӣ дар тазод қарор дорад. Озодандешӣ ва ақлгароӣ дар таърихи Ислом нақши хосе мебошад. Тибқи ақидаи исломшиносон вай дар самти мазкур табиати духӯра дорад.

Таърихи афкори исломӣ саршор аз аслҳои озодандешист. Вале мутафаккирони Ислом дар ин самт мушкиле ҳам доранд. Назарияпардозони ислом борҳо фирқу мазҳабҳои ҳамдигарро санги маломат задаанд. Баланд гардидани маърифати динии мардум ва махсусан, насли ҷавон яке аз омилҳои муҳими пешгирии таассуб мебошад. Барои густариш ба истилоҳ «исломи мӯътадил» дар такя ба ақлгароӣ дар муассисоти динӣ заминаи мусоидро ба вуҷуд оварда, ҷихати фаъолияти созандаи мазҳабҳоии суннатии кишвар бояд шароити мусоиде фароҳам оварад.

Хулосаҳо гувоҳи онанд, ки яке аз сабабҳои моил шудани ҷавонон ба равия ва ташкилотҳои экстремистӣ, ин таълими ғайрирасмии динӣ дар ҳудуди маҳалла, масҷид ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад, зеро нафароне, ки гӯё ба таълими дин машғуланд, худашон ба асли таълимоти Ислом хабар надоранд. Бо вуҷуди ин бинобар надоштани таълимоти олӣ, донишҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, наврасону ҷавононро таҳти таъсири хурофот, ки замина барои шомил шудан ба ҷараёнҳои тундрав мебошанд, қарор медиҳанд.

Яке аз омили асосии зиёд гардидани теъдоди пайравони ташкилоти динӣ-экстремистӣ, ки сабаби аслии шомил гардидан ба ташкилоти террористӣ мебошад, мавҷуд набудан ё мақсаднок фаъолияти надоштани дастгоҳҳои идеологӣ, дониши пасти сиёсӣ ва ҳуввияти ғайримиллӣ доштани пешвоёни дин мебошад.

Агар панҷ сол қабл мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ҷиноятҳои ифротгароию террористӣ бештар аз ҳаракату гурӯҳҳои созмонёфта «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ваҳобия», «Ҳаракати исломии Туркманистон», «Ансоруллоҳ», «Ал-қоида», ТЭТҲНИ ва амсоли инҳо ба унвони сарчашмаи хатар ба амнияти миллию давлатӣ зикр мекунанд. Албатта ин гурӯҳҳо ҳосили сиёсату бозиҳои геополитикист, ки ба онҳо як навъ ранги исломӣ додаанд ва аз ислом сӯистифода мешавад.

Ҳамин тариқ, таҳлили падидаҳои номатлуби ҷомеа ва шомилшавии ҷавонон ба он хатари изтиробе мебошад, ки аз ҳар як сокини Ватани азизамон -Тоҷикистон тақозо менамояд, ки барои ҳаллу пешгирии ин амалҳои номатлуб мавқеи бетарафиро интихоб нанамоянд.

 

Мирниёзов А. – сармуаллими кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like