Ифротгароёни яроқпараст
Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ дошта, одатан низоми давлатдории миллиро гӯё хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа меҳисобанд.
Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳоибегопарасатӣ ва суситифодаи дин аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баҳои дурусти худро медиҳанд. Зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.
Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа, хушбахтона ин афрод ниҳоят кам аст, ақидахои нодурусти динӣ чой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи базе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад.
Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Мардуми мо дарк намуд, ки дар бисёр амалхои ҳодисахои соли 90-ум маҳз ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динӣ ва миллӣ дошта, махсусан Ҳизби манъшудаи нахзати ислом дасти калон доранд. Лек айни ҳол ин гуруҳи ифротӣ аз хориҷ истода ба ҳар гуна роҳу восита мехоҳанд, ки чавонони моро ба сафи худ шомил ва террористу тундгарои ҷалб созанд.
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёра ва минтақаро ба ташвиш овардааст. Афзоиши чиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ётани терроризм, фаолшавии унсурхои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гуруҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи мусоидат менамояд.
Лек имруз беномусону беимонони наҳзатӣ аз хориҷ истода неъмати волои миллати моро, ваҳдату истиқлолиятро нодида мегиранд. Худро ҳамчун хизматгори халқ вонамуд карда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати сиёсати давлати мо суханҳои туҳматомез мезананд. Аммо имруз мардуми мо сиёҳро аз сафед ҷудо мекунад ва ба сухани наҳзатиён ҷавоби сазовор медиҳад. Ин ҷавоб сарҷамъии мардуми тоҷик зери сиёсати давлат аст.
Ҷабборов Ғ.Н. – сармуаллими
кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ