Баргузории конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ” дар ДДҲБСТ
18 апрели соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёчсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омўзгорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ», ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи илми тоҷик ва 30-солагии ДДҲБСТ баргузор гардид.
Дар кори конференсияи апрелӣ як зумра олимону коршиносон ва намояндагони марказҳои илмиву таълимӣ иштирок ва баромад карданд.
Конференсияро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард ва иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад.Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад карда, иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи илми тоҷик шобош намуд.Ҳамчунин дар конфронс муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимзода иштирок намуд.
Дар бахши ифтитоҳии конференсия сипас декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ Мунира Акмалова дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим”, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ, Нўъмонҷон Ғаффорӣ дар мавзӯи “Саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди илми ватанӣ”, муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ Манзура Ҳамидова таҳти унвони “Садриддин Айнӣ – поягузори Академияи илмҳои Тоҷикистон”, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ Мунзифа Пўлотова дар мавзӯи “Саҳми академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди илми тоҷик”, профессори кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ Равшан Шокиров таҳти номи “Омилҳои институтсионалии рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ Ғолибҷон Санавваров дар мавзӯи “Рақамикунонии равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ” маърӯза намуданд.
Дар қисмати дуюми конференсияи илмию амалии «Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ» ба як зумра кормандону устодони донишгоҳ, ки ба дастовардҳои илмию таълими комёб гардидаанд, унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Кори конференсия дар бахшҳо то санаи 20 апрел идома хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа