ТАҶРИБАОМЎЗӢ ҚАДАМИ УСТУВОР БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ МИНБАЪАДА

Ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақомоту идораҳо сол аз сол густариш меёбад. Дар доираи шартномаҳои ҳамкории дуҷониба донишҷўён дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва корхонаҳои саноатӣ вобаста ба ихтисос таҷрибаомўзии худро мегузаронанд.

Чанде пеш як гурўҳ донишҷўёни курси 4-уми факултети сиёсатшиносӣ ва МБ, молия ва қарз ва баҳисобгирии бухгалтерӣ аз корхонаи «Арвис Зелал Текстайл» дидан намуданд. 

Бояд қайд кард, ки корхонаи мазкур ба коркарди нахи пахта машғул буда, он бо сармоягузории соҳибкорони Ҷумҳурии Туркия бунёд шудааст. Корхона тасмим дорад, ки маҳсулоти тайёр истеҳсол намояд. 

Барои ин корхона нақша дорад, ки мутахассисони ҷавонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд. Аз таҷрибаомўзони донишоҳ даъват ба амал оварда шуд, ки баъд аз гузаштани давраи омўзишӣ метавонанд дар ин корхона кору фаъолият баранд.

You might also like