Истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии ҷаҳон

17 апрели соли 2023 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи ҳафтаи илм мизи мудаввар таҳти унвони «Истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии ҷаҳон» доир шуд. Мизи мудаввар бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Маркази таҳқиқотӣ таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат бо ибтикори Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ роҳандозӣ гардид.
Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Тӯрақул Ризоқулов оғоз намуд. Қайд шуд, ки мақсад аз баргузор намудани мизи мудаввар ин сарҷамъ намудани олимони ҷавон баҳри мубодилаи афкор перомуни муаммоҳои мубрами ҷаҳони имрўза, яъне ҳифзи пиряхҳо мебошад. Сипас, тибқи барнома Ҷўрабек Қоситов, докторанти курси сеюм, ассистенти кафедраи андоз ва андозбандӣ дар мавзўи «Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо», Маъсудахон Ғафурҷонова, докторанти курси дуюм, коргузори кафедраи технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар мавзўи «Таъсири тағйиротҳои иқлимӣ ба пиряхҳо ва оқибати он» ва Нилуфархон Саломова, докторанти курси якум, коргузори кафедраи кори бонкӣ дар мавзўи «Пиряхҳои Тоҷикистон – сарчашмаи об дар Осиёи Марказӣ» маърўзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар ҷамъбасти мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён ва олимони ҷавон муҳокимаронӣ карда шуд.

You might also like