Бо номи миллат-бар зидди миллат
Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ он тамоми халқу миллатҳоро фаро мегирад. Экстремизм ё ифротгароӣ яке аз падидаҳои сиёсии ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди он дар охири асри гузашта ба дараҷаи масоили умумибашарӣ табдил гашта буд. Ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳои мухталиф дорад. Ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократияи парламентиро рад карда, бунёд ба мафкураю амалияи бетаҳаммулӣ, антисемитизм ва миллатгароии ашаддӣ мегузорад. Мафҳуми экстремизм дар конвенсияи аҳдномаи Шанхай дар бораи мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстремизм чунин маънидод гаштааст: «экстремизм-амалест, барои ба таври зӯрӣ забт кардани ҳокимият, нигоҳ доштани он ва бо роҳи зӯрӣ дигар кардани сохти конститутсионӣ, дахолати зӯроварон ба амнияти ҷомеа». Тоҷикистон низ чун иштирокчии созмони Шанхай ин ковенсияро эътироф мекунад ва вазифадораст, ки дар дохилу хориҷи мамлакат зидди ин зуҳуроти номатлуби чаҳони муосир мубориза барад.
Ифротгароӣ дар мамлакатҳои Аврупо агар дар шакли ҳаракати скинхедҳо, фашизми навбаромад зуҳур ёбад, дар мамлакатҳои Шарқ бештар дар шакли динию миллӣ зуҳур кардааст. Ифротгароён барои ба мақсадҳои сиёсии худ ноил гаштан зери пардаи динӣ амал мекунанд. Зеро бо ин роҳ мардумро ба воқеаҳои сиёсӣ ҷалб намудан осонтар аст. Имрӯз ҷомеаи моро амали созмонҳои ғайриқонунии ҳизби «Таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия», ТЭТ ҲНИ ба ташвиш овардааст.
Чунки ақидаҳои ифротии ин созмонҳо на ба мустаҳкам кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон, балки бар зидди он равона шуда, вахдату якпорчагии онро зери хавф мегузорад. Ҳамагон амалҳои ТЭТ ҲНИ-ро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар хотир доранд. Бо даъвати онҳо чӣ қадар ҷавонон ба митингбозиҳову даргириҳои сиёсӣ кашида шуданд?. Ин ҷанг ба ҷумҳурии мо 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ расонид, ки ин зарбаи калон ба генофонди миллат буд. Имрӯз аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳо андешида шуда истодааст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад. Барои ин дар мактабу донишгоҳҳои олии касбӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон бояд чораҳои мушаххас андешид. Бояд ҳар як аъзои ҷомеа на танҳо ҳуқуқҳои худро донад, балки дарку иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсиониро вазифаи ҷонии худ биҳисобад.
Дар ҳиссу тафаккури онҳо дарки баланди ватандорӣ парвариш карда шавад, токи барои ба даст оврдани фоидаву маблағи яквақта ба амалиҷиноятӣ даст назананд.
Ифротгароӣ ватан надорад, дар куҷое набошад онҳо ҷавононро ҷалб кардан мехоҳанд. Барои мисол тирамоҳи соли 2014 мо шоҳиди он будем, ки мақомоти дахлдор амалиёти гурӯҳҳои ифротгарои диниро дар ҳудуди вилояти Суғд ошкор намуданд.
Дар шаҳри Панҷакент гурӯҳеро дастгир карданд, ки онҳо фаъолияти худро дар ҳудуди шаҳри Екатеринбурги Россия бо машқҳои ҳарбӣ шурӯъ карда, ҷавононро аз ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истаравшан ҷалб карда буданд. Баъди машқҳо онҳо ба ҳудуди Сурия рафта, аз тарафи мухолифини ин давлат ҳамчун аскари кироя хизмат мекунанд. Бо мақсади он, ки оилаҳояшонро ба Сурия гирифта баранд, онҳо ба Тоҷикистон бар мегарданд. Онҳо бе иҷозати ҳукумати Тоҷикистон ба он ҷо рафта буданд.
Ҳини бозгашт дар майдони ҳавоӣ онҳо дастгир мешаванд.
Аз гузориши сардори гурӯҳ бармеояд, ки онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон низ гузаронидани табаддулоти давлатиро дар нақша доштаанд. Ҳатто тарконидани нуқтаи муҳими стратегӣ, нақби Истиқлол ва Шаҳристонро пешбинӣ карда буданд. Вақте ки ба саволҳои шореҳ тавассути телевизион сардори гурӯҳ дар ин бора арза дошт, хеле ба ҳайрат омадам, ки ин ҷавонони роҳгумзада барои фоидаи шахсӣ ва мақсадҳои нопоки сиёсии худ аз ягон воситаи мубориза бар зидди сохти конститутсионӣ рӯй наметофтаанд.
Пеши назар кӯшишҳои пайгиронаи сардори давлат меомад, ки барои баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ чӣ тавр бо давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ карда, робитаи минтақаи шимолу ҷануби мамлакатро осон кард. Ба ҳам пайвастани ин ду нуқтаи муҳими стратегӣ ин орзуи деринаи халқ буд ва ба шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Ин ормони дар замони истиқлолият амалишудаи халқро кадом ифротие, ки ба ӯ ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ бегонааст, мехоҳад тарконад, ба давлату миллат зарари моддӣ расонида, ваҳдати тоҷикону якпорчагии Тоҷикистонро ба нестӣ орад.
Мутаъсифона ҳоло ҳам, тавассути шабакаи интернет аз ҷониби хоинони миллат ба монанди аъзиёни ТЭТ ҲНИ, гурӯҳи «24», ПМТ суханҳои бардурӯғ нисбати давлату миллати мо паҳн карда истодаанд. Дар ин вазъ моро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша дар фикри ободии Ватан бошем ва то тавонем зидди ин хоинон мубориза барем.
Шокиров Т. С.- доктори илми филология,
профессори кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ