Изҳороти кафедраи маркетинг-агробизнес нисбати паймоншиканон
Чанде қабл тавассути сомонаи интернетӣ мақолаеро хондем, ки нохалафони миллат аъзоёни ба ном Паймони миллии Тоҷикистон пас аз роҳандозии барномаҳои муғризона ба таҳлили вазъияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон пардохта, онро ба таври худ шарҳу тафсир карда, кўшиши ба таҳлука андохтани сокинони кишвар анҷом дода истодаанд.
Гўё Тоҷикистон ба ду қисмат – яъне ҷонибдорони Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳиддин Кабирӣ ҷудо шудаасту бо ҳам мешўранд Чунин ранг гирифтани масъала идомаи барномаҳои муғризонаву тафриқаандозии роҳбарияти Паймони хоинон мебошад, ки бо маслиҳати хоҷагону душманони хориҷии миллати тоҷик рўйи кор омадааст. Дар солҳои навадуми асри гузашта низ ҳамин гуна майлонҳои ҷоҳталабонаву мансабхоҳонаи роҳбарони ТЭТ ҲНИ (айни ҳол номаш Паймони ватанфурушон шудааст) боиси ба вартаи ҳалокат афтодани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон гардида буд. Роҳбарияти Паймони ба ном миллӣ имрўз ин ҳадафҳоро аз чашми халқ пинҳон намуда, ҳаракати баррасӣ намудани «маҷмӯъи рафторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро намуда, бо усули иғвову тафриқаандозӣ сокинони мамлакатро ба тарсу воҳима андохтанӣ шудааст.
Бояд таъкид намоям ТЭТ ҲНИ, ки дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористӣ барои аз нав ба хоку хун оғушта кашидани кишвари азизамон ҳодисаи моҳи сентябрро ба вуҷўд овард, ҳуқуқи маънавии таҳлилу баррасии фаъолияти фарзандони сарсупурдаву бедори миллатро, ки тайи ду даҳа як кишвари ҷангзадаро ба як гулистони шукуфон табдил дода, ваҳдату ягонагиро дар фурсатҳои кўтоҳ таъмин намуданд, надорад.
Ҳодисаҳои давоми чанд соли охир, ки бо марги муовини хиёнаткори вазири дифоъи кишвар Назарзода ва ба ҳабс гирифтани ҳаммаслакони он ба охир расид, ҳадафҳои ин созмони террористиро, ки дар либоси ислом дар Тоҷикистон фаъолият намуда, мардумро гумроҳ карданӣ шуданд, ошкор сохт ва бар асари ин ҳодиса шумори зиёди роҳбарону фаъолони ин созмони терористӣ хушбахтона ба паси панҷараи адолат рафтанд.
Дар асоси ин гуфтаҳо мо ҷониби ин ватанфурўшони Паймоншикан арз дорем, ки то ҷон дар бадан дорем, ҷонибдори сиёсати одилонаи Пешвои миллат ва давлати худ ҳастем. Асло андешаҳои ба ду қисмат тақсим шудани кишварамонро бовар надорем ва ба ин роҳ нахоҳем дод ва мегўем, ки Шумо беинсофон ҳаргиз ба мақсади нопоки худ нахоҳед расид.
Аҳли кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ