ДДҲБСТ: Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ва иқлим

01 апрели соли 2023 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ва иқлим” бахшида ба эълон гардидани соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пряхҳо ва санаи 21 март-Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пряхҳо баргузор гардид.
Дар кори конференсия як зумра олимону коршиносон иштирок ва баромад карданд.Конференсияро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Соли ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, саривақтиву муҳим ба ҳисоб меравад. Ин иқдом ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки ҳарчи зиёдтар талошу кӯшишҳои худро ба ҳалли мушкилоти марбут ба об равона созад.
Дар идомаи кори конференсия номзади илмҳои ҷуғрофӣ, роҳбари Маркази “Глятсиолог”-и МТД Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Турдӣ Турдиев дар мавзӯи “Пряхҳо ва масъалаҳои ҳифзи он”, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ, дотсент Шӯҳрат Саидзода таҳти унвони “Аҳамияти сиёсиву байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат дар шароити замони муосир” ва муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Наргиса Ҳошимова дар мавзӯи “Нақши ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати хориҷӣ” баромад карданд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолии давлатӣ барои муаррифӣ ва рушди ҳамаҷонибаи худ муносибатҳои дипломатиро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро амалӣ менамояд. Аъзо шудани Тоҷикистон дар чанде аз созмонҳо имкон фароҳам овард, ки кишвар дар доираҳои гуногуни давлатҳо эътироф ва пазируфта бишавад. Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ боиси ба таври манфӣ шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби субъектони дигари муносибатҳои байналмилалӣ гардид, он минбаъд имкон фароҳам овард, ки бо роҳбарии Президенти кишвар мактаби бузурги дипломатияи тоҷик инкишоф ёбад. Сарвари давлат аз рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон, баробари ба масъалаҳои дохилӣ машғул шудан, дар самти сиёсати берунӣ қадамҳои назаррас гузошта, бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои гуногунсамтро ба роҳ монданд.
Ҳамзамон магистранти соли дуюми донишгоҳ Наргиса Шарипова перомуни ташаббусу иқдомҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард.
Таъкид гардид, ки боиси ифтихору сарфарозии тамоми мардуми кишвар аст, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конференсияи дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба рӯзҳои 22-24 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид ва дар таърихи рушди дипломатияи тоҷик як саҳифаи наверо боз намуд.
Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ вобаста ба иқдомҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мухталифро роҳандозӣ намояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like