Густариши ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо ВКД

29 марти соли 2023 сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Мансур Бухоризода аз Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дидан намуда, бо роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот кард. 

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро истиқбол намуда, онҳоро бо марказҳои омӯзишӣ, озмоишгоҳҳо ва маркази забономӯзиву лабараторияи криминалистӣ ва дигар синфхонаҳои барҳавои Маркази таҳсилоти рақамии ДДҲБСТ  шинос кард. 

Бухоризода М. зимни шиносоӣ ба шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи раванди таҳсил, таҷҳизоту дастгоҳи муосири раванди таълим баҳои баланд дод. 

Пас аз боздид дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 мулоқот бо устодону донишҷӯён доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ доир шуд. Дар мулоқот ҳамзамон ҷавонони фаъоли “Пайравони Пешвои миллат” ва гурӯҳи ҷавонони  “Авангард” низ ширкат намуданд. Иброз гардид, ки ҷавонон ба таври ҳамешагӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо назардошти ин бояд ҷавонон дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо рафтору гуфтор, донишу малака ва фаъолияти назаррас намуна бошанд.

Махсусан таъкид шуд, ки ҳифзи хоки поки Ватан, сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи марзу бум аз вазифаҳои ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии онҳо ба ҳисоб меравад.

Дар идома, Бухоризода М. таъкид кард, донишҷӯёни ДДҲБСТ дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ фаъол мебошанд. Дар қисмҳои низомӣ сафи сарбозону афсарони хатмкардаи ДДҲБСТ зиёданд, ки намунаи ибрат мебошад.

Дар интиҳо  бо назардошти ҳамкориҳои судманди раёсати донишгоҳ бо Вазорати корҳои дохилӣ аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода М.М. бо медали ВКД ҶТ “Барои ҳаморӣ” қадршиносӣ гардид.

 

You might also like