РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: ҲАМКОРӢ ВА ДУРНАМОИ РУШД

Тоҷикистон дар ҷанини саҳмгузорӣ ва ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи об қарор ёфта, дар ҳимоя ва наҷоти муъҷизаи оламу табиат-об устворона қадам мезанад. Зеро, маҳз бо ташаббусу иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои марбут ба масоили об мақому манзалати байналхалқӣ дошта, мазмуни барҷастаро пайдо кард. Маҳз, конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мебошад, дар давоми таваққуфи панҷоҳ сола аз конфронси қаблии СММ вобаста ба масъалаҳои об матраҳ гардида, конфронси мазкур мазмуни таърихӣ пайдо намуд ва бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро ба муҳиммияти масъалаҳои обу иқлим дар вазъи кунунии аҳли башар ҷалб кард.

Нуктаҳои саршор аз даъвату ҳидоят ва иқдоми башардўстии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси сатҳи баргузида ва дигар маъракаҳои марбут ба он, бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро ба пайомадҳои ғайричашдошти коҳишёбии оби нушокӣ ва тағйирёбии иқлим дар даҳсолаҳои мозии ҳаёти башар воқиф намуда, тамоми давлатҳои сайёра, ташкилоту созмонҳо ва ниҳодҳои дахлдори минтақавию байналмилалиро барои тақвият ва рушди ҳамкориҳои судманд дар ин самт даъват ба амал оварданд.

Раванди конфронси мазкур, бо ташаббус ва иқдомҳои ҷолиби башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин намоишгоҳ таҳти унвони “Таърихи рушди Тоҷикистон”, чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, чорабинии канорӣ таҳти унвони “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, чорабинии канории корӣ таҳти унвони “Об моро муттаҳид месозад”, ғановат бахшида, ҷаласаи коршиносони сатҳи баланд ва пешвоёни Панели оид ба об ва офатҳои таббиӣ баргузор гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсии ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар масъалаи обу иқлим дар студияи телевизионии “Ҳадафҳои рушди устувор” мусоҳиба анҷом доданд.

Зимни андешаронӣ дар ҳама ин чорабиниҳо ҳадафу нидоҳо иттифоқ эҳсос гардид, пешгирӣ аз мушкилоти ҷаҳонии марбут ба обу иқлим дар сайёра ва муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳалли минбаъдаи ин мушкилоти глобалӣ, нигаронида шудааст. Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Чаба Корошӣ, Раиси Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ Лучезара Стоева, Президенти Боливия Луис Аберто Арсе, Президенти Ироқ Абдул Латиф Рашид, Раиси Шӯрои Босния ва Герсоговина Зелика Свянович, Президенти Ботсвана Масиси Мокгвейтсӣ ва Президенти Словения Наташа Пирс-Мусар низ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ҷонибдорӣ намуда, эшонро барои рушди босуботу устувор ва таъмини ҳаёти шоиставу бе мушкилот дар сайёра муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раёсат ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Конфронси таърихии СММ-ОБ 2023 ҳамчунин бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, мулоқотҳои судманд ва мубодилаи афкорро анҷом медоданд то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро баҳри ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим бештар ҷалб созанд, тадбирҳо ва иқдомоти роҳбарони давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалиро саривақт ҳамоҳанг созанду онҳоро ба ҳамкории фарогиру бетаъхир дар ин самт моил созанд. Зеро мушкилоти обу иқлим ин танҳо мушкилоти Тоҷикистон набуда, балки барои сайёра фоҷеабору фалокатовар мебошад. Зеро, намунаи олии ташаббускорӣ ва башардӯстии Сарвари давлате, ки дар сатҳи ҷаҳон пешоҳанг асту панҷ ташаббуси ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим дорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бархе аз олимони асри гузашта ва муосир оид ба вазъи хатарафзои ҷуғрофии  кўли Сарез бонги хатар зада, бобати ҳифзи он ибрози ақида намуданд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рўз мебошад. Имрӯзҳо,  ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкории густурда баҳри ноил шудан ба  пешгирии хатарҳои фалокатбори коҳишёбии манбаҳои об, ақибнишинии пиряхҳо ва тағйирёбии босуръати иқлим бояд тадбирҳои муфид ва наҷотбахш андешид, вагарна наметавон ҷомеаи ҷаҳониро аз хатарҳои муосири ҳазорсолаи минбаъда ва пайомадҳои фоҷиабори он эмин нигаҳ дошт.

 

Қобилова С.Я., н.и.т., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like