ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил шуда, дар радифи кишварҳои пешрафтаи олам мақоми шоистаро касб намудааст. Ҳамаи пешравию муваффақиятҳо маҳз бо ибтикор ва заҳмату талошҳои зиёди Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд. Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубрамест, ки вобаста ба муҳиммияти гуногунпаҳлӯии худ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамоянд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созанд. Дар ин иртибот «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 – 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028, «Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо» (2025) аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрўву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.
21-24 мартии соли 2023 дар Маҷмааи умумии СММ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Конфронси оби СММ-2023” баргузор гашт. Президенти кишварамон дар баромади худ дар Конфронс оид ба вазъи таъмини об ва мушкилиҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, ҳамзамон як қатор дастовардҳои ҷумҳуриро дар соҳаи мазкур қайд намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раискунандаи Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об баромад намуданд. Зимни суханронии Пешвои миллатамон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ – 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 ҷараён дошт, таъкид доштанд, ки дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард. Ин ҳамоиш, ҳамчунин, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиби мо дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.
Баргузории чандин нишаст, конференсияҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳо, бо қарорҳои Маҷмаи умумии СММ оид ба об на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон мусоидат намуд, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми ташаббускору созанда, ки дар шароити амнияти куллӣ ва субот зиндагӣ доранд, ба оламиён ошно кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории худ дар соҳаи об ва бозидани нақши фаъол дар ҳалли муаммоҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ корҳои назаррас анҷом дод. Ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ намунаи онҳо мебошад. Ҳадафи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Имрўз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
Муҳимтарин омиле, ки зарурати ба маърази таваҷҷуҳи аҳли олам баровардани масъалаи оби тоза ин маҳдуд будани захираҳои он мебошад, ки дар маҷмуъ бо афзоиши аҳолии сайёра, саноатикунонии босуръат, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим ба пайдоиши силсилаи мушкилоти глобалӣ сабаб гаштааст. Бо назардошти ин нукта Сарвари Тоҷикистон пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои гуманитарии масъала ишора намуда, таъкид сохтаанд, ки “ин ташаббуси мо ба хавфи муташанниҷ гардидани вазъияте вобаста мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд”.
Дар ҳақиқат барои аксари минтақаи сайёра алҳол масъалаи норасоии об, алалхусус барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба масъалаи мубрамтарин табдил ёфтааст. Дар баробари ин, масъалаи мазкур барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ торафт аҳамияти доғ пайдо менамояд. Маълумоти ниҳодҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои илмӣ-тадқиқотӣ мушкилоти афзояндаро дар ин соҳа чи дар миқёси ҷаҳонӣ ва чи минтақаву кишварҳои алоҳида собит месозанд. Дар баробари ин, норасоии об ба эҷоди силсилаи дигар масъалаҳои ҳалталабе сабаб гаштааст, ки дар сурати вусъаташон метавонанд кишварҳову минтақаҳо ва дар маҷмуъ ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҷиддии глобалӣ мувоҷеҳ созанд. Бо ишора ба ин нукта Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш изҳор намуданд, ки “проблемаи об ҳамзамон бо ҷиҳати соф гуманитарии он, инчунин ҷиҳатҳои дигар, аз ҷумла ҷиҳатҳои иқтисодӣ ва экологӣ низ дорад”.
Тибқи Гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера (соли 2019) то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд. Танҳо дар 50 соли охир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Тибқи хулосаҳои коршиносон, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Возеҳ аст, ки идомаи ин раванд, бо дарназардошти босуръат зиёд шудани талабот ба об дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод, метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад. Аллакай, дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаи таъмини оби тоза ба сари ҳар нафар аҳолӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ 2,5 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад, чор баробар коҳиш ёфтааст. Обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнус гардида, ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиравӣ, таҳдид менамояд.
Ба андешаи мо, ташаббусҳои Пешвои миллат дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақтӣ буда, бо ҳадафҳои хубу мақсаднок тарҳрезӣ шудаанд. Ин ташаббусҳои муфид аҳли башарро масъул менамоянд, ки дар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ нақши бештар дошта бошанд. Ҷомеаи ҷаҳониро ниҳоят зарур аст, ки ҷиҳати тағйирёбии иқлим ва таъсири ногувори он ба захираҳои обӣ бетараф набошанд. Онҳо бояд хуб дарк намоянд, ки об неъмати бебаҳо барои ҳаёт ва истифодаи босамар дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба шумор меравад. Ҳалли ин масъала барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои минтақа низ нақши муҳим ва созанда дорад.
Саиднабиева Маҳинахон – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси сиёсатшиносии ДДҲБСТ