Ҷаҳонишавӣ ва таъсири он

Равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ, ки хусусияти умумиро касб намудаанд ба яке аз аркони давлатдории муосир идораи давлатӣ низ таъсиргузоранд ва гуфтан мумкин аст, ки то як андоза муайянкунандаи рушди нумўи он ва ё баръакс заифию нотавонии он бошанд. Ҷаҳонишавӣ дар шароити муосир ҳамчун мафҳум ба яке аз категорияҳои серистифодатарин мубаддал гардидааст ва мусалламан дар зери таъсири ин раванд идораи давлатӣ низ тағйирпазир аст. Махсусан ин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сойири давлатҳое, ки миллӣ ҳастанд ва рў ба рушд ҳастанд дахл дорад. Пеш аз новобаста гузаштан ба таҳлили мавзўъ хуб мешуд агар мо хеле мухтасар ба мафҳум, моҳият ва таъиноти ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) истода гузарем.

Умуман бояд зикр кард, ки акидаҳо, фикрҳо дар бобати решаҳои ҷаҳонишавӣ хеле гуногунанд. Таърихшиносон онро яке аз марҳилаҳои капитализм (сохти сармоядорӣ) арзёбӣ мекунанд. Иқтисодшиносон саршавии онро аз пайдоиши трансмиллӣ шудани бозорҳои молиявӣ ҳисоб мекунанд. Сиёсатшиносон дар паҳн шудани ташкилотҳои демократӣ такя мекунанд. Фарҳангшиносон пайдоиши ҷаҳонишавиро бо ғарбишавии фарҳанг (вестернизатсия) алоқаманд медонанд, аз он ҷумла бо экспансияи иқтисодии амрикоӣ. Дидгоҳҳои иттилоотӣ-технологӣ низ бобати фаҳмонидани он вуҷуд доранд. Ҷаҳонишавии иқтисодӣ ва сиёсӣ фарқ карда мешаванд. Ба сифати субъекти ҷаҳонишавӣ регионализатсия (минтақашавӣ) баромад мекунад, ки он таъсири якҷо шудани ташаккули қутбҳои ҷаҳонии рушди иқтисодӣ ва технологӣ мебошад.

Аз рўи маълумоти бузургтарин таҳқиқот дар таърихи ҷаҳонӣ роҷеъ ба муносибат ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки аз ҷониби ширкати Environics International бо фармоиши форуми Умумиҷаҳонии Иқтисодӣ гузаронидани шуда буд, аз ҳар даҳум одам шаштоаш ҷаҳонишавиро раванди мусбӣ арзёбӣ намуданд, бо ин ақида 10 % аҳолии курраи Замин розӣ нестанд. Назарсанҷӣ дар байни 25 ҳазор одам, ки дар 25 давлати дунё зиндагӣ мекунанд гузаронида шуда ва чи тавре, ки гуфта мешавад нуқтаи назари 65% аҳолии сайёра муайян карда шуд. 19 давлати аз мобайни ин 25 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда арз карданд, ки васеъ шудани ҷаҳонишавӣ барои онҳо ва оилаҳои онҳо фоида меорад. Мавқеи глобалистон (ҷонибдорони ҷаҳонишавӣ) дар Ҳолланд хеле қавӣ аст, дар ин ҷо 87% пурсидашудагон ақидаҳои тарафдории ҷаҳоншавиро иброз намуданд. Баъди он Венесуэла (82%), Ҳинд (79%), ва Қатар (78%) меоянд, ки онҳо низ чунин ақидаҳо доранд.

Ҷонибдорони зиёди ҷаҳонишавӣ дар давлатҳои мутараққии Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ва дар давлатҳои ақибмондаи Осиё зиндагӣ мекунанд. Аҳолии давлатҳои мутараққӣ ба он фикранд, ки ҷаҳонишавӣ ба сокинони давлатҳои ақибмонда осеб мерасонад; дар навбати худ сокинони давлатҳои ақибмонда бо ин розӣ нестанд ва ба ин фикранд, ки ҷаҳонишавӣ ҷиҳати некўаҳволии онҳо мусоидат менамояд.

Аз ҳама зиёд сафи муқобилони ҷаҳонишавӣ дар Туркия (61% пурсидашудагон онро манфӣ арзёби карданд) ва Аргентина (48%) буд, ки инро муаллифони таҳқиқот бо қазияи иқтисодие, ки дар ин давлатҳо буд марбут донистанд. Дар рўйхати муқобилони ҷаҳонишавӣ минбаъд давлатҳои мутарақие аз қабили Австралия (35%),  Фаронса (34%) ва Испания (33%) меоянд, дар Фаронса ва Испания ақидаҳои зиддиҷаҳонӣ дар байни намояндаҳои соҳибкории хурду миёна хеле зиёд аст ва инро онҳо чунин азрёбӣ мекунанд, ки ҷаҳонишавӣ ба корпоратсияҳои бузург ҳокимияти зиёд дода корхонаҳои хурдро муфлис месозад ва нест мекунад.

Муносибати аҳолии сайёра ба падидаҳои гуногуни ҷаҳонишавӣ пурзиддият аст. Масалан, таъсири ҷаҳонишавиро ба паст рафтани нархҳои мол ва хизматрасонӣ 63% пурсидашудагон мусбӣ арзёбӣ намуданд, манфӣ бошад – 25%  60% боварӣ доранд, ки ҷаҳонишавӣ ба нафъи фарҳангҳои миллӣ аст, 28% ба ин назаранд, ки баръакс он бар зарари фарҳангҳои миллӣ аст. 50% аҳолӣ мўътақиданд, ки ҷаҳонишавӣ барои иқтисодиёти миллӣ фоидаовар аст, 33% боварӣ доранд, ки не зарар дорад. Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ташвишовар арзёбӣ шуданд (47% пурсидашудагон ба он боваранд, ки ҷаҳонишавӣ табиатро ба нестӣ мебарад), камбизоатӣ (45% ба онанд, ки ҷаҳонишавӣ ва камбизоатӣ-синониманд) масъалаи шуғл (46% пурсидашудагон фикр мекунанд, ки ҷаҳонишавӣ ба ихтисор шудани ҷойҳои корӣ оварда мерасонад).

Дар асоси худ ҷаҳонишавӣ-ин раванди объективӣ аст, асоси моддии он ин инқилоб дар соҳаи техникӣ, вақте, ки намудҳои тамоман нави коммуникатсия, нақлиёт ва воситаҳои иттилоотӣ пайдо мешаванд. Асосан истифодаи ин истилоҳ бо тараққиёти бесобиқаи технологияҳои иттилоотию-коммуникатсионӣ алоқаманд мешавад. Дар робита бо ин технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи васеи Интернет дар баробари фаъолияти молиявӣ, тиҷоратӣ ва нақлиёти на танҳо объектҳои асосии ҷаҳонишавӣ, балки воситаи паҳншавии ҷаҳонишавӣ, дар навбати аввал дар соҳаи иҷтимоиёт, ки дар низоми танзими давлатӣ нақши муҳим дорад, мебошад.

Ҷаҳонишавӣ-раванди умумииҷаҳонии баҳамоӣ ва яксоншавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Падидаи ҷаҳонишавӣ яке аз омилҳои муҳими гузариши тамаддуни ҷаҳонӣ ба иқтисоди кушод, тезутунд шудани ҷараёнҳои гуманитарӣ, тағйирёбии нақш ва вазифаҳои институтҳои давлатҳои миллӣ мебошад. технологияи муосир, омадани онҳо ба системаи коммуникатсионӣ воситаи интернатсионализатсия шудани таҷрибаҳои ҷамъиятӣ равандҳои оғозшударо тезтар мегардонанд.

Ҷаҳонишавӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дахл дорад: иқтисод, сиёсат, шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ, фарҳангӣ. Дар чунин шароит доираи амалишавии принсипҳои соҳибихтиёрӣ миллӣ-давлатӣ маҳдуд мешаванд. Бисёре аз масъалаҳое, ки дар гузашта салоҳияти истисноии давлатро ташкил медоданд мавзўи муҳокимаи байналхалқӣ мегарданд.

Сотсиологи олмонӣ У.Бек қайд менамояд, ки «бешубҳа, ҷаҳонишавӣ яке аз истилоҳи серистифода ва суиистифодашуда ва дар айни замон хеле нофаҳмо, аз лиҳози сиёсӣ хеле калимаи самаранок (шиор, яроқ дар баҳс) гардидааст ва дар ояндаи наздик чунин боқӣ хоҳад монд.

Ҷаҳонишавӣ раванди нави зодаи асри 20 нест ин раванд панҷ садсола пеш арзи вуҷуд карда бо чунин мафҳумҳои тақсими байналхалқии меҳнат, либерализатсияи бозорҳои мол ва савдо маълум буд. Ҳамзамон бояд кард, ки далелҳо ва нишондиҳандаҳои оморӣ онро нишон медиҳанд, ки равандҳои муосир бо сифатан тағйирёбии муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ва молиявӣ фарқи амиқ мекунанд.

Саидова М.А.  – ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like