Заминаҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ибтидои қарни XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рў ба рў гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегўянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тўли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд.
Терроризм яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнини замони муосир аст, ки дар бисёр мавридҳо на танҳо хусусияти миллӣ, балки хусусияти байналхалқӣ низ дорад.
Амалиётҳои террористӣ барои ноустувор сохтани ҳокимияти давлатӣ ва дар аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси тарс, оҷизӣ, ки таҳти таъсири зуроварии муташаккилонаю бераҳмонаи террористон ба амал меоянд, равона карда шудааст.
Терроризм ҷинояти махсусан хавфнок буда, қасди ҷинояткоронаи он дар атрофиён ба вуҷуд овардани ҳиссиёти тарсу воҳима, фалаҷ сохтани фаъолияти фоиданоки-иҷтимоии шаҳрвандон, кори мўътадили мақомоти давлатию идоракунӣ ва бо ҳамин ноил шудан ба мақсадҳои зиддиҷамъиятии худ ташкил медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рўзмарраи байналмилалӣ – тақвияти мубориза ба муқобили зуҳуроти терроризм ва таъмини суботи минтақа аҳамияти хоса дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки: «Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рўзе нест, ки сокинони ин ё он гўшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд.
Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духўрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.
Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.
Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тўлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад. Вазъи имрўзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризмро ба ғайр аз меъёрҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии чиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст дароварда ва маблағгузории терроризм», Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, № 776 тасдиқ шудааст, ҳамзамон санадҳои зерини ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба танзим медароранд:
а) Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд СММ) дар бораи ҷиноятҳо ва дигар кирдорҳое, ки дар дохили ҳавопаймо содир мегарданд, соли 1963;
б) Конвенсияи СММ дар бораи мубориза ба муқобили ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ, аз 16 декабри соли 1970;
в) Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бо аъмоли ғайриқонунӣ бар зидди амнияти авиатсияи гражданӣ, аз 23 сентябри соли 1971;
г) Конвенсияи СММ дар бораи пешгирӣ ва ҷазои ҷиноятӣ ба муқобили ашхосе, ки дорои ҳимояи байналхалқӣ мебошанд, аз ҷумла агентҳои дипломатӣ, аз 14 декабри соли 1973;
д) Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо гаравгонгирӣ, соли 1979;
е) Конвенсияи СММ дар бораи ҳимояи физикии маводи ядроӣ, соли 1980;
ж) Протокол дар бораи мубориза бар зидди зўроварии ғайриқонунӣ дар фурудгоҳҳое, ки авиатсияи граждании байналмилалиро хизмат мерасонанд, соли 1988;
з) Конвенсияи СММ дар бораи мубориза ба муқобили кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки бар зидди амнияти киштигардии баҳрӣ равонагардида, соли 1988;
к) Протокол оид ба мубориза бо кирдорҳои ғайриқонунии бар зидди амнияти платформаи статсионарии дар шелфи континенталӣ ҷойгирбуда равонагардида, соли 1988;
л) Конвенсияи дар бораи нишонгузории моддаҳои таркандаи пластикӣ бо мақсади ошкор намудани онҳо, соли 1991;
м) Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бо терроризми бомбавӣ, аз 16 декабри соли 1997;
н) Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо маблағгузории терроризм, аз 09 декабри соли 1999;
о) Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, аз 8 ноябри соли 2000;
п) Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, аз 5 сентябри соли 2003 ва ғайра.
Тибқи талаботи моддаи 179-и КҶ ҶТ зери мафҳуми терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо, фаҳмида мешавад.
Ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегўяд: Терроризм – ин амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурўҳи одамон, барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешаванд.
Гурўҳи террористӣ – шахсоне мебошанд, ки бо мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ муттаҳид шудаанд.
Террорист – шахсе, дониста мешавад, ки дар анҷом додани фаъолияти террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд.
Ташкилоти террористӣ – ташкилоте мебошад, ки бо мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Инчунин, ташкилот – террористӣ ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом диҳад.
Терроризм танҳо бо роҳи кирдорҳое, ки бо ду шакл ифода меёбанд, содир мегардад:
а) амали террористӣ:
б) таҳдиди содир намудани амали террористӣ.
Амали террористӣ – бевосита дар содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, тарканда, токсикӣ, заҳрнок, сахттаъсир, заҳролуд, нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо, сўиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурўҳҳои аҳолӣ, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ба вуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахсони доираи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеии ташкили чунин хатар, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон мегарданд, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба вуҷуд омадани дигар оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок ифода меёбад.
Таҳдид – ин мақсади дар шакли маъмулӣ ифодагардидаи содир намудани амали террористӣ набуда, балки арзи қатъии мақсадест, ки аз ҷиддӣ ва ҳақиқӣ будани чунин мақсад шаҳодат медиҳад. Яъне паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро дорад. (Масалан, фармоиш барои ба даст овардани воситаҳои таркишу хатарноки биологӣ ва радиоактивӣ ё силоҳ, содир намудани таркиш ё сўхторҳои «огоҳикунанда», тайёрӣ барои аз кор баровардани объектҳои стратегии ҳаётан муҳим ё ин ки вайрон кардани ҷараёни технологӣ, муҳосира кардани робитаҳои нақлиётӣ ва ғайраҳо).
Мувофиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ба намудҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 187, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинишуда, дохил мешавад. Ба ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ мумкин аст, дигар ҷиноятхое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар ҳолати ба мақсади террористӣ содир намудани онҳо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомоти зерин мебошанд:
– Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Субектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда бо мақсади ошкор намудани фаолияти террористӣ ўҳдадоранд бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ аз тамоми қувваю воситаҳо ва шаклу усулҳои муқарраркардаи қонунро, ки дар ихтиёр доранд, истифода баранд.
Фаъолияти зиддитеррористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
3) ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористӣ;
4) бо ҳам пайвастани усулҳои ошкор ва пинҳонии мубориза бар зидди терроризм;
5) афзалиятнокии муҳофизати ҳуқуқи шахсоне, ки дучори хатар гардидаанд;
6) қонунӣ будани расонидани зарар ба террорист;
7) яккасардорӣ дар роҳбарии оперативӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиётҳои зидди террористӣ;
8) пинҳонкории қатъӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳои махсуси зиддитеррорӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Мубориза бар зидди терроризм ба ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллат, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар нигаронида шудааст.
Ахмедов Н. И. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ