Шукри истиқлол бояд кард
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин неъмати давлату миллати тоҷик мебошад. Истиқлол ба мардуми тоҷик ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ, меҳру вафо, нуру зиё, бахту саодат, осоиштагиву абадият оварда, дар ҷомеаи навини имрӯзаи мо, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, шароит барои меҳнат ва зиндагонии осуда муҳайё намуд.
Истиқлол барои мардуми тоҷик рамзи олии Ватану ватандорӣ кору пайкорҳои пайгиронаи созанда, азму талошҳои фидокорона, зиракиву ҳушёриро омӯзонд.
Истиқлол барои мо имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрфти минбаъдаи кишвари азизамон Тоҷикистонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Истиқлол ин рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастшавии Тоҷикистон мебошад.
Ин даствардҳои беназир бо шарофати ҷонбозиҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш ишора карба буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр тезутунд ба кишвар ва халқаш сарвар гардида, тавонист халқу давлаташро аз вартаи ҳалокату нестӣ наҷот диҳад. Вай дар муддати начандон кӯтоҳ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналмилалӣ баромад.
Пешвои муаззами мо ҳамчун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафолати сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ буда, халқро ба сӯи ободӣ раҳнамоӣ сохта, ҳамчун пайомрасон пайоми сулҳро овард, сулҳе, ки маргро ба зиндагӣ, мотамро ба ҳаёт табдил дод.
Мутассифона, шахсон ва аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНИ ба монанди М. Кабирӣ, М. Садриддин, Ҳусайн Ашуров, Шавкати Муҳаммад ҳастанд, ки зери ниқоби дини мубини ислом, ҳадафҳои маризонаи сиёсию идеологии худро амалӣ карданӣ мешаванд, ҷавононро ба роҳи каҷ бурданӣ шуда, ба давлат хиёнат мекунанд. Ҷавонон набояд ба суханони авомфребонаи чунин гӯрӯҳҳо гӯш диҳанд, ва аз хатари шомилшавӣ ба чунин гурӯҳҳои тундгаро эҳтиёт бошанд.
Моён – устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки шогирдонамонро дар рӯҳияи ватандориву меҳанпарастӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, барои гул гул шукуфонии Тоҷикистони азизи худ саҳмгузор бошем.
Атоева М.М.-дотсенти кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ