Пирӯзии дастаи бонувони ДДҲБСТ дар мусобиқаи волейбол

Дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи волейбол байни бонувони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бахшида ба Рӯзи модар бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он дастаи волейболбозони бонувони муассисаҳои касбии олии вилоят иштирок ва байни ҳам рақобат карданд.
Дастаи волейболбозони ДДҲБСТ бо шикаст додани ҳарифони худ ғолиби мусобиқа дониста шуд. Барои пирӯзӣ дар мусобиқаи мазкур дастаҳои ғолиб бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот қадршиносӣ гардиданд.
Мусобиқаи волейбол байни бонувони донишгоҳу донишкадаҳо бо мақсади ҷалби занону бонувон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарбияи ҷисмонӣ роҳандозӣ шудааст.

 

 

 

 

 

You might also like