Ҳамкории ДДҲБСТ бо донишгоҳҳои Авруосиё

2 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Шӯрои XV ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё баргузор гардид, ки дар он дар асоси даъвати ректори Донишгоҳи давлатии Москва Садовничий В.А. ректори донишгоҳамон Шарифзода М.М. иштирок намуд.
Ҳадафи Шӯрои Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ин ташкили майдони гуфтугўи байналмилалӣ барои муҳокима ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти инкишофи ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои ИДМ, дарёфт намудани ҳамкорон мувофиқи самтҳои фаъолият, инчунин баланд бардоштани сифат ва ташаккули фаъолияти касбӣ, ки барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат мекунад, мебошад.
Иштироки ректори ДДҲБСТ Шарифзода М.М. дар Шӯро имкон медиҳад, ки сафи ҳамкорони донишгоҳ дар ҷараёни такмили раванди таълим ва фаъолияти илмӣ ва истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар он афзун гардонида шуда, барои табодули таҷриба дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти донишгоҳ бо донишгоҳҳои пешкадами ИДМ заминаи хубро фароҳам меоварад.

You might also like