Баргузории озмуни ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар факултетҳои ДДҲБСТ

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Ин навбат дар факултетҳои бизнес ва идоракунӣ, молия ва сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ озмуни мазкур байни донишҷӯён баргузор  гардид. Аъзои ҳакамон бо пешниҳоди саволҳо ба донишу малакаи донишҷӯён баҳогузорӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Баргузории озмуни мазкур дар дигар факултетҳои донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like