Баргузории чорабинӣ ба ифтихори ҷашни Сада

Имрӯз бо ташаббуси кафедраи маркетинг – агробизнеси факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба ҷашни Сада баргузор гардид. Чорабиниро декани факултет Ҷамшед Тӯразода оғоз бахшида ёдовар шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёнажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид. Инчунин таъкид гардид, ки ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедра, дотсент Ҳуҷаназарова М.И. ва дотсент Ашуров С.Х. дар бораи таърихи Сада баромад намуданд.
Иброз гардид, яке аз падидаҳои фарҳангии ниёгонамон ҷашни Сада мебошад, ки инъикосгари фарҳанги мо ба шумор меравад.Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, он ҳамчун ҷашни омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардид.Илова шуд, ки бузургони илму адаби мо, чун Фирдавсиву Анварӣ, Манучеҳриву Фаррухӣ ва дигарон дар васфи ин ҷашни миллӣ осори пурарзиш эҷод кардаанд.

 

 

 

You might also like