ХИЁНАТҲОИ РОҲБАРИЯТИ ТЭТ ҲНИ БА ҶОМЕА
Ташкилоти террористӣ-экстромистии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 4-уми декабри соли 1991 ташкил шудааст, роҳбари он Саид Абдуллои Нурӣ ҳисоб мешуд. Ин Ҳизб дар оташ занонидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки дар он ҳазорон одамон қурбон шуданд, нақши калоне бозидааст ва сарвари мухолифин, ки бар зидди давлати қонунӣ меҷангид аъзоёни ҳамин ҳизб буданд. Солҳои 1992 — 1997 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шуда буд.
Дар солҳои истиқлолият даҳҳо ҷунбишу ҳизбҳои калону хурд пайдо шуданд, ки ҷанбаи динӣ доштанд. Таъсири дин ба сиёсат пурзўр гашт. Аммо мутаасифона ин таъсир на ба баҳри таъмини якпорчагии Тоҷикистон, рушду равнақи он ва беҳбудии ҳаёти халқ равона шуда буд, балки баръакс ба тафриқа ва ҷудоиандозӣ, ба тундгароию экстремизм, кўшишҳои зўран ғасб намудани ҳокимият, равона шуда буд.
Қобили кайд аст, ки ҳамаи ҳизби сиёсӣ бо мақсад ва нақшаи муайян ташкил мешавад. Аз он ҷумла ҲНИ низ мақсад ва нақшаҳои худро дошт. Бо роҳи зурӣ бунёди давлати исломӣ, барои ноил шудан роҳбарон ва аъзоёни ин ҳизб ошкору ниҳон талош меварзиданд.
Мутаасифона солҳои охир аъзоёни ТЭТ ҲНИ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд. Агар аз пайравони ин ҳизб амалҳои ноҷо зуҳур намекард, ҳеҷ гоҳ давлати Точикистон онро мамнўъ ва террористӣ эълон наменамуд. Гуфтан бо маврид аст, ки 15 сол ҳизб дар парлумон намоянда дошта, худи Муҳиддин Кабирӣ бошад 10 сол намояндаи парлумон буда, ба ҷуз кӯшиши ҷудоиандозӣ дар пешравию тараққиёти кишвар саҳме нагузоштааст.
Дар ҳақиқат имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд.
Ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз номи дини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд. Ҳукумати Тоҷикистон ба дину эътиқодҳои мардум бо эҳтиром ва некбинона назар мекунад, он аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла диндорон ватандўстию ватандорӣ, меҳнат намудан баҳри рушду ривоҷи кишвар, некбину таҳаммулпазир буданро таманно менамояд.
Қаюмов Ф.Ғ. – дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ