Тозагии муҳит ва корҳои ободонӣ дар донишгоҳ

29 октябри соли 2022 бо мақсади тозаву озода намудани атрофи биноҳои асосиву таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи касбии олӣ бо ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ба ҳашар баромаданд. Иқдоми мазкур бо мақсади ҳифзи муҳити зист, таъмини ҳолати санитарию гигиенӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Иҷлосияи XVI Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, иштирокчиёни ҳашар нахуст атрофи биноҳои асосиву таълмӣ ва роҳраву даромадгоҳҳоро аз ҳаргуна алафҳои худрӯю партовҳои гуногун тоза карданд.
Гуруҳе аз кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати зебогии саҳни биноҳои таълимӣ ба тахту ҳамворнамоӣ ва муҳайё намудани ҷой барои гулҳои мавсимӣ ба корҳои ободонӣ даст заданд.
Дар шанбегӣ кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҳамзамон бо мақсади сабзиши хуби дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шохаҳои онро батартиб дароварданд.Тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ва ба корҳои ободониву созандагӣ даст задан аз амалҳои нек дониста шуда, дар муттаҳидсозии аҳли донишгоҳ ва дӯст доштани ҷойи кору гиромӣ доштани он замина мегузорад.Тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ва ба корҳои ободониву созандагӣ даст задан дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, минбаъд низ чунин корҳои тозаву озоданамоӣ идома хоҳад кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like