ДДҲБСТ: Истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар татбиқи тадқиқоти байнифаннӣ дар МТОК
28 октябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмӣ – методӣ таҳти унвони «Истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар татбиқи тадқиқоти байнифаннӣ дар МТОК», бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.
Дар семинари ҷумҳуриявӣ муовини ректор оид ба таълим Ҳаким Ғаюров муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Тӯрақул Ризоқулов, меҳмонон аз МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” Низомиддинов С. ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Мирпоччоев Д., ҳамчунин устодону донишҷўёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар рафти семинари мазкур дотсенти кафедраи барномарезии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, Низомиддинов Сайфиддин дар мавзўи “Усулҳои инноватсионии таълими барномарезӣ дар шароити муосир”, сармутахассиси бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати тахсилот, дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Раҳмат Ахмедов дар мавзўи “Арзёбии натиҷаҳои истифодабарии усулҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълим”, мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Баходур Зиёмидинов дар мавзўи “Муаммоҳо дар таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар тайёр намудани ихтисосҳои ғайритахассусӣ дар МТОК”, дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Назира Азимова дар мавзўи “Усулҳои фаъоли таълими фанҳои дақиқ дар МТОК”, муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ Мазбутҷон Лутфуллоев дар мавзўи “Муаммоҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар системаи таълим” ва муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ Аълохон Бобозода дар мавзўи “Усулҳои инноватсионии таълим: моҳият, гурўҳбандӣ ва низоми истифодабарӣ” маърўзаҳои илмии пурмўҳтаво карданд.
Баргузории чунин семинари ҷумҳуриявӣ дар донишгоҳ бори нахуст буда, ҳадафи он ба роҳ мондани истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар раванди таълим, гузариш ба таҳсилоти рақамӣ арзёбӣ карда шуд. Семинари мазкур минбаъд дар доираи кафедраву факултетҳои умумидонишгоҳӣ баргузор карда мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




