САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИНТАҚАИ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки “Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст.
Аз ин рӯ, мо чӣ аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чӣ дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.”
Мафҳуми амнияти миллӣ ба он алоқаманд буда, дар моддаи 1 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи амният” оварда шудааст, ки мувофиқи қонуни мазкур “амнияти миллӣ ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ;” мебошанд.
Осиёи Марказӣ як порчаи муҳимтарини дунё мебошанд, ки тӯли ҳазор солаҳо бораи ҷомеаи башарӣ, ҳамчун маркази пайдоиши тамаддун хидмат намудааст. Таҳлилҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносии олимонӣ ватаниву хориҷӣ нишон медиҳанд, ки ҳаёт дар ин минтақаи дунё ҳанӯз дар асри сангӣ, мезолит пайдошуда, то ба имрӯз инкишоф ёфта истодааст. Осиёи Марказӣ минтақае мебошад, ки дар тӯли таърих аз ҷониби империяҳои ҷаҳони куҳан, ба монанди Хаҳоманишҳо, Искандари Мақдунӣ, Ҳоқонии Турк, Арабҳо, Муғулҳо ва империяи Руссияи подшоҳӣ забт гардида, ананаҳои ниёгони худро нигоҳ доштааст.
Осиёи Марказӣ пайванди ҳаракати тиҷорату мол ва ғояҳои гуногун дар миқёси Аврупо, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ шинохта мешуд. Дар бостоншиносӣ Осиёи Марказӣ таърихи панҷ сарзамин, яъне Марғиён (Марв), Бохтари қадим(Бохтариён), Суғд, Хоразм ва Сакоистон (сарзамини сакоиҳо) мавҷуд буданд.
Минтақаи мазкур аз соли 1924 то соли 1991, дар ҳайати ИҶШС қарор дошт ва баъди пошхӯрдани давлатҳои минтақа, соҳибистиқлол гашта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷанубу шарқии минтақаи мазкур қарор дошта, барои таъмини амнияти минтақа мақоми шоиста дорад.
Таҳлилҳои коршиносони ин соҳа дар ин самт нишон медиҳанд, ки имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 550 ташкилотҳои террористии ғайриқонуни амал мекунанд, ки танҳо аз соли 1968 то соли 1980 аз тарафи ин гурӯҳҳои террористӣ 6700 ҷиноят содир шудаанд, ки дар натиҷаи он 3668 одамон қурбон ва 7474 нафар захмӣ шудаанд.
Дар солҳои истиқлолӣ давлатӣ аз соли 1991 дар Тоҷикистон 200 гурӯҳҳои трансмиллии террористӣ дастгир шудаанд. Ин гурӯҳҳои террористӣ беш аз 3000 ҷиноят, аз он ҷумла 170 амали террористӣ содир намудаанд.
Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30- уми марти соли 2006 ташкилотҳои
“Ал- қоида”,
“Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ”,
“Ҳизби исломии Туркистон”(собиқ ҳаракати исломии Ӯзбекистон),
“Ҳаракати Толибон”,
“Бародарони мусулмон”,
“Лашкари тайиба”,
“Ҷамияти исломии Покистон”,
“Ҷамъияти таблиғ”,
“Созмони таблиғот”,
“Тоҷикистони озод”,
ташкилотҳои террористию экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст. Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11- уми марти соли 2008 “Ҳизб – ут – таҳрир” ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он манъ карда шудааст.
Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8- уми январи саоли 2009, равияи динии “Салафия” низ фаъолияти он манъ карда шудааст. Боз бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – уми майи соли 2012 “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” ҳамчун ташилоти террористӣ, экстремистӣ фаъолияташ манъ карда шудааст. Инчунин бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 – уми октябр соли 2014 “Гурӯҳи 24”, ва соли 2015 ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ фаъолияти он низ манъ карда шудааст.
Мо маълумотҳои болоиро барои он овардем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа, мавқеи устувор дошта, таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, аз он вобастагии қавӣ дорад, аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки пешгирӣ намудани паҳншавии маводи мухаддир, терроризми байналмилалӣ, эктремизимро гирифта, ба таъмини амнияти кишварҳои Авруосиё хидмат намудааст.
Нурмаҳмадов Ю. Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ